Рубрики Pressa

Исроил дар як сол беш аз ҳазор бор ба Сурия ҳамлаи ҳавоӣ кардааст


Як мақоми Возорати корҳои хориҷии Сурия  ба шабаки “Ал- Арабия”, гуфтааст, ки ин кишвар хоҳони тазмин аз сӯи Исроил ба ҳамалот ва нуфуз ба хоки Сурия аст. Ӯ афзуд, ки тавофуқ миёни Сурия ва Исроил “Дар шароите, ки ҳамалоти кунунӣ идома дорад, қобили иҷро ва идома нест”.

Ин мақоми сурӣ изофа кардааст, ки ҳамлаҳои Исроил бо ҳадафи заиф кардани Сурия анҷом мешавад. Ва ин кишвар аз замони суқути Башор Асад беш аз ҳазор ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додааст.

Охирин ҳамлаи Исроил ба хоки Сурия рӯзи 28 ноябр анҷом шудааст. ва ба навиштаи хабаргузории  давлатии Сурия “САНА” рӯзи 28 ноябр Исроил ба деҳае дар ҷанубӣ Сурия ҳамла кардааст.  Ба иттилои манбаъ дар ин ҳамла ҳадиақал 10 кас кушта шудааст.

Артиши Исроил низ ин ҳамларо тасдиқ карда ҳадафи ҳамлаи худро “дастгирии ҷангҷӯёни гурӯҳи Ҷамоати исломӣ ” эълон кардааст. Ва аз захми шудани шаш нафар сарбозаш хабар додааст.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *