16 нуқтаи нав дар соли 2025 шабакаи чаканаи ширкати “МегаФон Тоҷикистон”-ро пурра намуданд. Мақсад – то ҳадди имкон дастрас гардонидани телеком-хизматрасониҳо барои сокинони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Ҳамин тавр муштариён имкон доранд, ки SIM-кортҳо ба даст оранд, тарофаҳои муфид пайваст намоянд, ҳисоби худро пур кунанд ё аз мутахассисон аз ҳудуди хонаи худ дур нарафта машварат гиранд.
Нуқтаҳои фурӯшҳо аз рӯи анъана дар маконҳои барои мизоҷон қулай ҷой гирифтаанд. Масалан, дар Душанбе нуқтаи нави хизматрасонӣ дар ноҳияи Сино, назди марказҳои бузурги савдо ва истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ ҷойгир мебошад. Чунин макони ҷойгиршавӣ истифодаи онро ҳам барои сокинон, ҳам барои меҳмонон қулай менамояд. Маҳз аз рӯи ҳамин принсип маконҳои ҷойгиршавӣ барои идораҳо дар шаҳрҳои Бохтар, Ваҳдат, Конибодом, Кулоб ва Тунсунзода, ноҳияҳои Ҷ.Балхӣ, Восеъ, Дӯстӣ, Кушониён, Фархор ва Ёвони вилояти Хатлон, ноҳияҳои Ашт ва Спитаменти вилояти Суғд интихоб карда шуданд.
“Барои мизоҷони мо ҳар як толори нав – боз як имконият барои дастрас кардани хизматрасонии босифат дар вақти қулай ва макони қулай маҳсуб меёбад. Мо хостори онем, ки технологияҳои муосир ба одамон ҳар рӯз бе маҳдудияти масофа ва вақт кӯмак расонанд”,- мегӯяд директори оператсионии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” – Илдар Салихов.
То охири сол оператор ифтитоҳи идораҳоро ҳамчунин дар ноҳияҳои Файзобод ва Рӯдакӣ, ки дар онҳо аллакай корҳои омодасозӣ ҷараён доранд, ба нақша гирифтааст.
Суроғаҳои толорҳои наве, ки дар соли 2025 кушода шуданд, дар ҷадвали зерин дарҷ гардидаанд:
“МегаФон Тоҷикистон” – алоқае, ки доим ҳамроҳи Шумост, ҳар куҷое набошед!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube