Рубрики Pressa

8 кӯдакистони нав барои беш аз 1900 кӯдак дар Душанбе


3 декабр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахт ҳашт муассисаи нави томактабӣ ба фаъолият оғоз кард, ки дар маҷмӯъ барои 1900 кӯдак пешбинӣ шудаанд. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, сохтмони 98 кӯдакистони дигар барои қабули 23 ҳазор кӯдак дар Душанбе идома дорад.

Кӯдакистони “Ватанпарвар”

Нахуст, бо иштироки Президенти  мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Нисор Муҳаммадии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ватанпарвар мавриди баҳрабардорӣ қарор  гирифт.

Ин муассисаи таҳсилоти томактабӣ аз ҷониби соҳибкор Шаҳбоз Қодирзода барои 300 кӯдак сохта шудааст. Дар кӯдакистони хусусии Ватанпарвар барои 12 гуруҳ, 50 парастор ба кор бо маоши хуб ҷалб шудааст ва раванди таҳсил дар он бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад. Иншоот аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳаташ зиёда аз 1000 метри мураббаъ мебошад. Ҳамчунин, муассиса дорои нуқтаи хизматрасонии тиббӣ ва ошхона бо 160 ҷойи нишаст мебошад.

“Дар боғчаи навтаъсис аз рӯи китоби тозанашри “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ машғулиятҳои инкишофи нутқ ба роҳ монда шудааст, ки ин иқдом ба бедор сохтани ҳисси худшиносӣ дар замири кӯдакон таъсир мегузорад”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Бо сохта ба истифода додани ин боғчаи нав, шумораи муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба 31 адад ва фарогирии кӯдакон ба онҳо ба 6049 нафар расид.

«Басбӣ» – кӯдакистони байналмилалии инноватсионӣ

Ҳамчунин, 3 декабр бо иштироки  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Рустам Амакиеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Кӯдакистони байналмилалии инноватсионии “Басбӣ» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Иншооти навбунёди соҳаи маориф аз ҷониби соҳибкор Рустам Саидов бо маблағи 20 миллион сомонӣ сохта шудааст. Муассисаи тозабунёд аз ду бинои 4-ошёна ва таҳхона иборат аст ва дар он барои инкишофи зеҳнии кӯдакон ва бозиҳои гуногуни шавқовар шароити хуби таълим фароҳам оварда шуда, барои 600 кӯдак пешбинӣ гардидааст.

Дар ин муассисаи томактабӣ кӯдакони аз синни 2 то 6 сола қабул гардида, бо 4 вақт хӯроки гарм таъмин мегарданд. Омӯзишу парасторӣ дар он бо 3 забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Кӯдакистони “Гулистон” – 400 ҷой бо шароити муосир

3 декабр бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии «Гулистон» ба истифода дода шуд.

Ин муассисаи томактабӣ аз як бинои сеошёна ва таҳхона иборат буда, дар он раванди таълиму тарбияи кӯдакон ба таври босамар бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар бинои навбунёди кӯдакистони «Гулистон» 20 гурӯҳ фаъолият мекунад ва дар онҳо 400 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз синфхонаҳо, ҳуҷраҳои хоб ва шароити умумии ин муассисаи томактабӣ дидан намуда, ба масъулин ҷиҳати таълиму тарбияи дурусти кӯдакон дастуру тавсияҳо дод.

Мактаби бачагонаи мусиқии №3

Муассисаи давлатии “Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев” дар ноҳияи Синои пойтахт ҷойгир аст. Ин иншооти нави дуошёна барои 300 хонанда дар 2 баст пешбинӣ шудааст. Дар бинои нави Мактаби бачагонаи мусиқӣ шароити муосир фароҳам буда, он аз ҳуҷраҳои корӣ, синфхонаҳои таълимии рақс, фортепиано, созҳои халқӣ, сурудҳои академиву фалак ва ғайра иборат аст. Ҳамчунин, барои баргузор намудани ҳамоишу чорабиниҳо дар ин ҷо толори барҳаво бо 42 ҷойи нишаст ва китобхона ҷойгир шудааст.

Мактаби бачагона соли 1962 дар заминаи хонаи истиқоматӣ ташкил шуда, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуд. Ҳоло бошад, хонандагон имкон доранд дар бинои нав, ки дорои шароити муосир аст, ба таҳсил ва ҳунаромӯзӣ машғул шаванд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2025 то имрӯз дар шаҳри Душанбе 5 мактаб бо 2650 ҷойи нишаст дар ду баст ва 16 муассисаи томактабӣ барои 3640 кӯдак ба истифода дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *