Рубрики Pressa

Пас аз 4 сол Ӯзбекистон гузагоҳи марзӣ худ бо Афғонистонро боз кард


 Пас аз 4 соли тавақуф  дигарбора гузаргоҳи марзии Тирмиз-Ҳайратон, ки ягона масир барои  рафтуомади мусофирон миёни Афғонистону Ӯзбекистон аст боз шуд. Ин гузаргоҳ аз соли 2021 пас аз ба қудрат расидани ҳукумати Толибон* дар Афғонистон баста шуда буд.

 Ба навиштаи расонаҳои Ӯзбекистон, шаҳрвандони ду кишвар, ки раводид (виза) доранд, метавонанд тариқи гузаргоҳи Тирмиз-Ҳайратон рафтуомад кунанд.

“Пули дӯстӣ”- ягона роҳи рафтуомад миёни ин ду кишвар мебошад, ки аз ҷониби муҳадисони шӯравӣ дар соли 1982 сохта шудааст.

Маҳз аз ҳамин пул соли 1989 армияи Шӯравӣ хоки Афғонистонро бо нишонаи анҷоми ҷанг гузашта буданд.

 *Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *