Рубрики Pressa

Пешниҳод ба бекор кардани созишномаи душаҳрвандӣ миёни Тоҷикистон ва Русия


Михаил Делягин, муовини раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба сиёсати иқтисодӣ ба ҳукумати Русия пешниҳод кардааст, ки созишномаи байни Русия ва Тоҷикистон дар бораи танзими масъалаҳои душаҳрвандӣ бекор карда шавад, навиштааст Газета.Ru. 

Ба гуфтаи Делягин, ин созишнома “дигар аҳамияти аслии худро аз даст дода” ва “муҳоҷирати сифаташ паст”-ро ташвиқ мекунад. Ӯ таъкид намудааст, ки ин санад дар ибтидо барои ҳимояти шаҳрвандони русзабон ва кумак ба Тоҷикистон пас аз ҷанги шаҳрвандӣ пешбинӣ шуда буд, вале ҳоло ин зарурат вуҷуд надорад.

Ӯ иддао мекунад, ки боқӣ мондани созишномаи муҳоҷиратӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русияро барои дарёфти шаҳрвандии ин кишвар бештар мекунад ва ин “сарбори иловагӣ” ба низоми иҷтимоии Русия мешавад.

Ин пешниҳод дар ҳолест, ки қаблан сиёсатмадори дигар Сергей Миронов низ манъи айни ҳамин хостор  шуда буд.

Чунин созишнома танҳо миёни Русия ва Тоҷикистон мебошад. Ин ҳуҷҷат аз соли 1995 амал мекунад ва ба шаҳрвандони ҳарду кишвар ба доштани душаҳрвандӣ иҷозат медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *