Имрӯз, 4 декабри соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» рафта истодааст.
Довталабони вилояти Хатлон имсол ба дастовардҳои назаррас мушарраф шуда, 28 нафар (31%-и иштирокчиён) ғолибият ба даст овардаанд.
Довталабони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 2 Шоҳҷоиза, 3 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм ва 17 ҷойи сеюм соҳиб шуданд.
Натиҷаҳои умумии озмун чунинанд:
– шаҳри Душанбе — 28 ҷой,
– вилояти Суғд — 23 ҷой ва 1 Шоҳҷоиза,
– НТМ — 6 ҷой ва 1 Шоҳҷоиза,
– ВМКБ — 7 ҷой.
Соли гузашта довталабони вилояти Хатлон сазовори 33 ҷой ва 2 Шоҳҷоиза гардида буданд, ки баъди шаҳри Душанбе дар мақоми дуюм буданд.
Ба хотири ҳавасманд кардани ғолибони вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои соли равон, дар маҷмӯъ 1 миллиону 831 ҳазор сомонӣ ҷудо мекунад, ки нисбат ба соли 2024-ум 258 ҳазору 125 сомонӣ зиёд мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube