Рубрики Pressa

43,0 миллион евро қарз ва грант барои кам кардани талафоти барқ дар Тоҷикистон


Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои татбиқи лоиҳаи “Кам кардани талафоти нерӯ” ба Тоҷикистон 43,0 миллион евро қарзу грат медиҳад.

Ба иттиоли Вазорати молияи Тоҷикистон, рӯзи 4- уми декабр дар Душанбе созишнома барои дарёфти ин маблағ ба имзо расидааст.  

Созишномаро Файзиддин Қаҳҳорзода, раҳбари  ниҳоди номбурда ва Холгер Вифел, намояндаи доимии БАТР дар Тоҷикистон имзо карданд. 

Ба навиштаи  манбаъ, аз 43 миллион евро 28 миллионашро маблағҳои қарзӣ ва 15 миллиони дигарро маблағҳои грантии Фонди сармоягузории Осиё-Уқёнуси Ороми Иттиҳоди Аврупо ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи  Вазорати молия, ҳадафи лоиҳа “Кам кардани талафоти нерӯ” мусоидат дар навсозии инфрасохтори ҳисобдорӣ ва насби ҳисобкунакҳои барқӣ дар шабакаҳои тақсимоти нерӯи барқ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *