Дар шоҳроҳи Душанбе–Хуҷанд як мошини боркаш ба ҷарӣ афтодааст, ки дар натиҷа ронандаи мошин ба ҳалокат расида аст.
Ба иттилои бахши КҲФ дар водии Зарафшон гуфтааст, ки ин садама рӯзи 4-уми декабр дар километри 117-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ба вуқӯъ пайваста аст. Ба гуфтаи манбаъ, ронандаи мошини тамғаи “Dulan” ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи Айнӣ аз идораи мошин набаромада, ба чуқурии 100 метр сарозер шудааст.
Мақомот аз ронанда, Мулломурод Тоҷикбоев ном бурда, гуфтаанд, ки сокини деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ аст.
Ҷасади ронандаро наҷотдиҳандагон аз мошини боркаш, ки дар дохили дарё қарор дошт, берун оварда, ба Беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ интиқол додаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube