Рубрики Pressa

Китоби «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» сазовори ҷои аввал гардид


Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, китоби Эмомалӣ Раҳмон  «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» дар Озмуни VII байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯйи номинатсияи «Муколамаи фарҳангҳо» сазовори ҷойи якум гардид.

4 декабр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни VII байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин чорабини муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон  Давлат Сафар иштирок  намуд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон намояндагони 7 кишвари  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва беш аз 60 нашриёт иштирок доштанд.

Дар озмун ноширони давлатҳои иштироккунанда аз рӯи номинатсияҳои  «Иттиҳод», «Ватани ман», «Муколамаи фарҳангҳо», «Китоб барои кӯдакону наврасон», «Илм ва маориф», «Китоби мусаввар», «Санъати тасвирсозӣ» ва «Дар Иттиҳод нашр шудааст» китобҳояшонро пешниҳод намуданд.

 Озмуни байналмилалии «Санъати китоби кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» шуруъ аз соли 2004 баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *