Рубрики Pressa

Боздошти як ҷавон бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ


Пулиси Душанбе  аз боздошти як ҷавони гумонбар ба фурӯши маводи тарфгарӣ хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ имрӯз, 5-уми декабр, шаҳрванд Тошматов Д, сокини 34-солаи шаҳри Бохтарро ҳангоми ба фурӯш гузоштани маводҳои оташзо дастгир карданд.  Аз ӯ ба миқдори 188 ҳазору 400 дона маводҳои тарфгарӣ “Трения” дарёфту мусодира карда шуд.

Алайҳи ин ҷавон бо итиҳоми “муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ”  (моддаи 199 иловаи 1 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин иттиҳом аз 7500 сомонӣ ҷарима то 2 сол зиндон пешбинӣ мекунад.

Мақомот ба сокинон ҳушдор дод, ки муомилот ва паҳнсозии маводҳои оташзо (пиратехникӣ) ҷиноят аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *