Рубрики Pressa

 Нетаняҳу:  Ман ба Ню-Йорк меоям


Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, дар бораи таҳдиди Захрон Мамданӣ, шаҳрдори Ню-Йорк, ки гуфта буд мумкин аст дар сурати сафараш ба ин шаҳр ӯро боздошт кунанд, изҳор намуд, ки ӯ ба ҳар ҳол ба он ҷо хоҳад рафт, навиштааст “iraninternationl”.

Нетаняҳу дар суханрони маҷозӣ  дар  иҷлосияи “DealBook”-и рӯзномаи “New York Times” таъкид кард: «Ман ба Ню-Йорк меоям. Чаро интизор намешавед, то бинед?»

Ӯ дар посух ба ин савол, ки оё бо Мамданӣ суҳбат хоҳад кард, гуфт: «Агар ӯ назарояшро дигар кунад ва бипазирад, ки мо ҳаққи вуҷуд дорем, ин нуқтаи оғози хубе барои гуфтугӯ хоҳад буд», гуфтааст.

Мамданӣ,  аввалин шаҳрдори мусалмони Ню-Йорк аст. Вай дар чанд суханрониаш  дар бораи Нетаняҳу гуфта буд: “дар сурати ворид шудани Нетаняҳу ба Ню-Йорк ӯро боздошт мекунанд”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *