Рубрики Pressa

Дар Рашт ҷуфти навхонадорон аз дуди ангишт ҳалок шуданд


Дар ноҳияи Рашт як домоду арӯси ҷавон бинобар заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ҷон бохтанд. Ҳодиса шаби 5 ба 6 декабр дар деҳаи Кӯлобаи ҷамоати Қалъаи Сурх рух додааст.

Ба навиштаи Радиои Озодӣ, навхонадорон ҳамагӣ ду моҳ пеш издивоҷ карда буданд. Шаби ҳодиса ҳаво сард шуда, онҳо барои гарм кардани манзил ангишт истифода намудаанд.

Субҳи рӯзи дигар наздикони домод ба хона даромада, ҳардуи онҳоро беҳуш пайдо кардаанд. Бо вуҷуди кӯшиши интиқол ба беморхона, домоду арӯс дар роҳ ҷон додаанд. Домод 25-сола ва арӯс 18-сола будаанд.

Мақомот то ҳол дар бораи ин ҳодиса расман шарҳ надодаанд.

Дар Тоҷикистон ҳар зимистон бо маҳдудияти барқ рӯбарӯ мешаванд ва бисёриҳо барои гармидиҳӣ ангишт истифода мекунанд. Ҳар сол чандин талафоти ҷонӣ аз заҳролудшавӣ бо дуди ангишт ба қайд гирифта мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *