Искандар Шафеиён собиқ корманди ҳукумати шаҳри Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш шоми 7-уми декабр ба ҳалокат расидаанд. Ба навиштаи расонаҳо бо такя ба манбаъҳои худ марги инҳоро заҳролуд шудан баъди истеъмоли хуриш гуфтаанд. То ба ҳол дар бораи сабаби маргашон ягон иттилои расимӣ нест.
Ба гуфтаи наздикони Искандар Шафеиён тахмин мекунанд, ки эҳтимолан баъди хӯрдани хӯриш ба ин ҳол афтоданд зеро модар ва се фарзанди дигари Искандар Шафеиён дар бемохона ва зери назорати вижаи духтурон қарор доранд.
Ба гуфтаи манбаъ,”ҷасади Искандар Шафеиён, ҳамсараш Муаттархон ва духтари 4 солаашон Оишахон феълан дар сардхонаи шаҳри Исфара қарор дорад ва сабаби марги онҳо таҳқиқ карда мешавад”.
Ба гуфтаи пайвандонаш баъди ташхиси колбадшикофӣ ҷасади Искандар Шафеиёнро ба зодгоҳаш деҳаи Вешисти шаҳри Панҷакент мебаранд.
Номи Шафеиён ҳини фаъолияташ дар ҳукумати Исфара ва ҳангоми муноқишаи шаби 28 ба 29-уми январи соли 2022 дар марз бо Қирғизистон захмӣ шуданаш расонаи шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube