Рубрики Pressa

Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад


Дар пайи буҳронӣ шудани таъминоти барқ Тоҷикистон ба хариди барқ аз Ӯзбекистон оғоз кардааст. Ҳоло аз ин кишвар ба Тоҷикистон дар як шабонарӯз то 2 млн кВт/соат барқ интиқол дода мешавад ва дар назар аст, ки он афзоиш ёбад. Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва захираҳои об хабар медиҳанд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, ки дар бораи интиқоли барқ аз Қазоқистон ва Туркманистон низ дар сатҳи вазирон тавофуқҳои пешакӣ ҳосил шудааст. Айни замон дар робита ба ҳаллу фасли масоили техникии марбут ба интиқоли барқ аз ин кишварҳо корҳо ҷараён доранд.

Тоҷикистон танҳо дар ҷанубу ғарби кишвар тариқи низоми энергетикии Ӯзбекистон (Хати интиқоли барқи 500 кВт “Регар-Гузар”) роҳи баромад ба бозорҳои хориҷиро дорад. Барои таъмини транзити нерӯи барқи Туркманистон ва Қазоқистон бо назардошти иқтидори интиқоли системаи энергетикии Ӯзбекистон зарур аст.

Дар Вазорати энергетика изҳор доштанд, ки кори мувозӣ (параллелӣ)-и низоми энергетикии Тоҷикистон дар доираи Низоми муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ, ки чунин масоилро бояд ба таври худкор ҳал мекард, пас аз пайвастшавии хатҳои шимолии ҷумҳурӣ ба “ҳалқаи энергетикӣ”-и минтақа роҳандозӣ мешавад.

Ҳамроҳшавии комили Тоҷикистон ба Низоми муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ дар семоҳаи аввали соли 2026 дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки маҳдудият ё худ лимити истифодаи барқ дар Тоҷикистон аз даҳаи охири моҳи сентябр амал мекунад. Охири моҳи ноябр, вақте ки барои дастрасӣ ба нерӯи барқ маҳдудиятҳои иловагӣ ҷорӣ шуданд, вазъият ба таври назаррас душвортар шуд. Вале сокинон мегӯянд, ки ҳафтаи охир вазъи таъминоти барқ беҳбуд ёфтааст.

Дар Вазорати энергетика зикр карданд, ки ба беҳбуди вазъияти таъминот бо барқ обуҳавои боронии чанд рӯзи ахир низ мусоидат кард.

Манбаъ таъкид дошт, ки маҷрои дарёи Вахш, ки дар он нерӯгоҳҳои асосии барқи обии кишвар ҷойгиранд (7 нерӯгоҳ), ба таври назаррас зиёд шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳаҷми истеҳсоли шабонарӯзии барқ тайи рӯзҳои ахир (маълумоти рӯзи 12-уми декабр) зиёда аз 54 млн кВт/соатро ташкил медиҳад.То ин вақт истеҳсоли барқ дар кишвар тибқи маълумоти расмӣ, то ба 44 млн кВт/соат дар як шабонарӯз поин рафта буд.

Сатҳи об дар обанбори Норак, тибқи маълумоти Вазорати энергетика, рӯзи 12-уми декабр ба ҳудуди 902 метр (аз сатҳи баҳр) баробар буд, ки беш аз 3 метр поинтар аз сатҳи сабтшуда дар ҳамин давраи соли гузашта аст. Дар вазорат шарҳ доданд, ки бар асари поинравии ҳаҷми маҷрои оби дарёи Вахш истифодаи захираҳои обанбори Норак имсол хеле барвақттар – ҳанӯз аз моҳи сентябр оғоз гардида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *