Рубрики Pressa

 Мақомот аз шаҳрвандон хостанд,  ҳангоми истифодаи ангишт қоидаҳои бехатариро риоя кунед


Милитсияи Душанбе рӯзи 8-уми декабр, бо нашри як изҳорот аз сокинон хостааст, ки ҳангоми истифодаи ангишт дар бухориҳои хонагӣ қоидаҳои бехатариро ба таври қатъӣ риоя кунанд.

 Ниҳоди мазкур бидуни зикри мисоли мушаххас гуфтааст, ки дар чанд рӯзи охир, дар натиҷаи истифодаи нодурусти ангишт ва риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ, дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ҳолатҳои сӯхтор, заҳролудшавӣ ва марги шаҳрвандон сабт шудааст.

Милитсияи пойтахт дар изҳоротияааш гуфтааст: “Аз коршоямии бухорӣ, дастгоҳҳои гармидиҳӣ ва хатҳои ҳавокашии он мутмаин гашта, мунтамзамон ҳавои ҳуҷраҳоро иваз намоянд. Ин амалҳо метавонад, аз эҳтимоли сар задани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор, ихроҷи дуд ва газҳои заҳролуд пешгирӣ намояд”.

 Чанд рӯзи пеш дар ноҳияи Рашт як ҷуфт домоду арӯси навҷавон  дар пайи заҳролуд шудан аз дуди ангишт ҷон бохтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *