Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон ба муносибати 33-юмин солгарди Конститутсияи ин кишвар 615 зиндониро авф кардааст.
Ба навиштаи расонаҳои Ӯзбекистон ин фармон рӯзи 7-уми декабр имзо шуда, дар он зикр шудааст, ки 615 маҳбусон “аз кирдорашон пушаймон шуда, кӯшиши ислоҳ шуданро доранд”.
Дар асоси фармони мазкур 220 зиндонӣ комилан аз маҳбас озод гардида, ҷазои дигарон сабуктар карда шудааст.
Дар миёни афвшудагон 29 нафар зан, 23 марди аз 60- сола боло, 264 нафар то 30 сола (2 ноболиғ) ва 29 нафар шаҳрванди хорҷӣ ҳастанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube