Рубрики Pressa

Маҳдудиятҳои нав барои вориди шаҳрвандони хориҷӣ ба Амрико


Кристи Нэом, вазири амнияти дохилии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, рӯзи панҷшанбе 4- уми декабр эълон кард, ки ИМА қасд дорад шумораи кишварҳоро, ки  мамнӯъияти сафар ба Амрикоро доранд ба беш аз 30 адад расонад.

Нэом дар мусоҳиба бо шабакаи “Fox News”, дар посух ба ин суол, ки оё ҳукумати Доналд Трамп шумораи кишварҳои дар феҳристи мамнӯъияти сафар бударо то 32 кишвар зиёд хоҳад кард, гуфт:

“Ман дар бораи теъдоди дақиқ чизе  гуфта наметавонам, аммо ин шумора бештар аз 30 кишвар мешавад ва президент ҳамоно кишварҳоро мавриди арзёбӣ қарор дорад”.  

Бояд қайд кард, ки Трамп дар моҳи июни ҳамин сол бо имзои эъломияе вуруди шаҳрвандони 12 кишварро ба Иёлоти Муттаҳида манъ карда, вуруди шаҳрвандони ҳафт кишвари дигарро маҳдуд намуд. Дар ин маҳдудият ба шаҳрвандони Эрон ва Афғонистон ҳам дохил мешаванд.

Ба гуфтаи манбаъ, ин иқдом барои ҳифозат  аз «террористҳои хориҷӣ» ва дигар таҳдидҳои амниятӣ зарур аст. Ин мамнӯъиятҳо ҳам муҳоҷирон ва ҳам ғайри муҳоҷирон, мисли сайёҳон, донишҷӯён ва тоҷиронро дар бар мегирад.

Ин масъал дар паи тирандози як муҳоҷими афғон, ба ду сарбози Гвардияи милли Амрико дубора доғ шуд. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *