Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон “Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шудааст.
Ин қарор рӯзи 10-уми декабр, дар ҷаласаи 20-уми Кумитаи байниҳукуматии мероси фарҳанги ғайримоддии Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) дар шаҳри Деҳлии Нави Ҳиндустон қабул карда шуд.
Ба гуфтаи манбаъ, бахши “Фарҳанги суманакпазӣ” аз ҷониби Комиссияи миллии Тоҷикистон дар мавриди корҳои ЮНЕСКО таҳия гардида, соли 2023 ба баррасии ин созмон пешниҳод шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube