МегаФон Тоҷикистон бастаҳои хизматрасониҳои “БОЗ NEW”-ро пешниҳод намуд, ки бо ёрии онҳо муштариён имкон доранд, миқдори зарурии дақиқаҳо, мегабайтҳо ва СМС-ро чун илова ба тарофаи асосӣ интихоб намоянд. Дар баробари ин, нархи бисёри бастаҳо дар муқоиса ба силсилае, ки қаблан ҷорӣ гардида буд, пасттар аст.
“БОЗ NEW” барои ҳолатҳое пешбинӣ гардидаанд, вақте ҳаҷми бастаи асосии хизматрасониҳои алоқаи муштариёни фаъол, ки ба тарофа дохил шудаанд, ба поён мерасанд. Муштарӣ метавонад вариантеро вобаста ба талаботи худ интихоб намояд. Масалан, агар муштарӣ нияти анҷомдиҳии зангҳои сершуморро дошта бошад, ба ӯ бастаи дорои 300 дақиқа дар ҶТ мувофиқ меояд, ҳангоми фаъолнокии пасти муштарӣ ба ӯ 50 дақиқа кифоя аст. Ба истифодабарандагони интернет аз 500 то 3 000 Мб трафик пешниҳод карда мешавад. Мутаносибан дӯстдорони онлайн-видео ҳаҷми бештари трафики иловагиро интихоб менамоянд, зеро барои паёмрасонҳо ҳаҷми камтари баста низ басанда аст.
Силсилаи навкардашуда имкониятҳои муштариёнро васеъ менамояд. Ба қатори хизматрасониҳои дастрас СМС дар ҶТ дохил гардида, нархи бисёри бастаҳо аз назар ба нархҳои пешинаи бастаҳо пасттар аст. Ҳамин тавр, 3 000 Мб дар силсилаи “БОЗ ҲАМ+” 35 сомонӣ арзиш дошт. Нархи бастаи “БОЗ NEW 3000 Мб” ба 25 сомонӣ баробар аст.
“Мо пайваста кӯшиш мекунем, ки маҳсулоти худро то ҳадди имкон чандир ва қулай гардонем. Силсилаи “БОЗ NEW” ба ҳар як нафар имкон медиҳад, ки бе пардохти маблағи зиёдатӣ хизматрасониҳои иловагии худро мустақилона идора кунанд. Мо мушоҳида кардем, ки муштариён пешниҳодҳои махсусгардонидашударо бештар интихоб менамоянд. Бастаҳои нав пурра ба интизориҳои онҳо ҷавобгӯ мебошанд”, – мегӯяд Илдар Салихов, директори оператсионии ширкати МегаФон Тоҷикистон.
Бастаҳоро метавон дар тарофаҳои амалкунанда тавассути замимаи “МегаФон Life”, Ҳуҷраи шахсӣ, бо ёрии USSD-дархостҳо ё дар наздиктарин идораи хизматрасонии ширкат пайваст намуд. Маълумот оид ба бастаҳои “БОЗ NEW” дар ҷадвали зерин оварда шудааст:
Давраи амали бастаҳо ба мӯҳлати амали тарофаи асосӣ баробар аст. Пас аз анҷоми давра ё азнавпайвасткунии тарофа бастаҳои иловагии “БОЗ NEW” ба таври автоматӣ қатъ мегарданд.
Муштариён метавонанд миқдори бемаҳдуди бастаҳоро пайваст намоянд, ҳаҷмҳои онҳо бо ҳам ҷамъ карда мешаванд. Дар баробари ин, трафики интернет, дақиқаҳо ва СМС-и тарофа афзалияти баландтар дошта, дар навбати аввал сарф карда мешаванд, бастаҳои “БОЗ NEW” танҳо баъди ба поён расидани меъёри асосӣ фаъол мегарданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube