Имрӯз, 16 декабр, соати 10:00 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Паёми солонаи худро ба Парлумон ироа мекунад. Паёми Президенти Тоҷиистон дар бинои Парлумони Тоҷикистон оғоз гардида, тариқи шабакаи телевизионии кишвар мустақим пахш карда мешавад.
Дар паёми Президенти кишвар нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуда, барномаи ҳукумат барои соли оянда эълон мешавад.
Дар Паёми Президент ба ҷуз вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзонёни Маҷлиси миллии кишвар, инчунин раҳбарони вилояту шаҳру ноҳияҳо, вазорату ниҳодҳо давлатӣ, ходимони илму фарҳанг, намояндагони дипломатии муқими кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube