Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар мусоҳибае, ки рӯзи якшанбе пахш шуд, НАТО-ро ба мушорикат дар ҷанги Укроин аз тариқи таъмини таслиҳоти мавриди ниёзи нерӯҳои таҳти фармони Киев муттаҳам кард.
Путин дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии давлатии Россия-1 гуфт: ”онҳо (НАТО) даҳҳо миллиард доллар силоҳ ба Укроин ирсол карданд, ки дар воқеъ ба маънии мушорикати ҳар чанд ғайри мустақимашон дар ҷиноёти режими Киев аст.”
Раисҷумҳури Русия дар идомаи ин мусоҳибаи телевизионӣ таъкид кард: “кишварҳои ғарбӣ танҳо як ҳадаф доранд ва он нобуди Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравии собиқ ва бахши аслии он яъне федератсияи Русия аст.” Путин афзуд: “танҳо дар ин сурат (нобудии иттиҳоди ҷамоҳири Шуравии собиқ) эҳтимол дорад, ки онҳо (Ғарб) моро ба дохили хонаводаи ба истилоҳ мутамаддин роҳ бидиҳад вале так-так ва ҳар бахшро ба таври ҷудогона хоҳанд пазируфт.”
Раисҷумҳури Русия бо тарҳи ин иддао, ки “дунёи ҷадид сирфан ба нафъи Иёлоти муттаҳида дар ҳоли шаклгирӣ аст” хостори шаклгирии ҷаҳоне чандқутбӣ шуд ва дар айни ҳол, таъкид кард, ки Русия бояд нисбат ба он чи, ки талоши Ғарб барои “пайкарбандии нави ҷаҳон пас аз суқути Мттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ” вокуниш нишон диҳад.
Изҳороти Путин, ду рӯз пас аз он мунташир шуд, ки НАТО дар нахустин солгарди таҳоҷуми низомии Русия ба хоки Укроин эълом кард, ки вазифадор аст ба Киев дар баробари Маскав кумак кунад. Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО низ Владимир Путинро муттаҳам кард, ки дар кӯшиши васеъ кардани домани ҷанг барои дикта кардани мақсадҳои худ ба Аврупост.
Ҳамзамон бо эъломи кумаки НАТО ба Укроин, вазорати дифоъи Амрико ҳам рӯзи ҷумъа бо интишори баёнияе аз ихтисос додани бастаи ҷадиде аз кумакҳои баландмуддати амниятӣ ба арзиши 2 миллиард доллар, ки муҳиммот ва навъҳои паҳподҳои кӯчак бо фановарии пешрафтаро дарбар мегирад, ба Укроин хабар дод.
Иттиҳодияи Аврупо, Иёлоти муттаҳида ва Бритониё тайи ду рӯзи гузашта таҳримҳои тозаеро алайҳи Русия вазъ ва ҷорӣ карданд.
Дар муқобил, Дмитрий Медведов, раисҷумҳури пешин ва нафари дувуми Шӯрои амнияти Русия, рӯзи ҷумъа бо интишори паёме дар каналтелеграми худ навишт: “мо пирӯз хоҳем шуд ва муштоқем, ки ин пирӯзӣ ҳар чӣ зудтар фаро расад. Мо бояд марзҳои таҳдид алайҳи кишварамонро то ҳадди имкон дур кунем, ҳатто агар марзҳои Лаҳистон бошанд. Душманони ғарбӣ мехоҳанд Русияро то ҳар чи қадар метавонанд заиф кунанд.”
Бо ин вуҷуд, Пекин бо пешниҳоди тарҳе, талошҳои дипломатикиро барои барқарории сулҳ миёни Русия ва Укроин оғоз кард. Ҳар чанд, ки Киев ҳар гуна сулҳро машрут ба ақибнишинии Русия ба марзҳои таъйиншуда пас аз фурӯпошии Иттиҳодияи ҷамоҳири Шӯравии кардааст.