Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе марҳилаи ниҳоӣ ва маросими қадрдонии ғолибони мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол байни дастаҳои деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар финал дастаҳои “Чилча”-и ноҳияи Файзобод ва “Корез”-и ноҳияи Данғара бозӣ карданд. Футболбозони ноҳияи Файзобод ғолиби мусобиқа гардиданд.
Дар анҷоми мусобиқа ғолибон бо Ҷом, медал, Диплом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд:
ҷойи аввал дастаи Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 35 000 сомонӣ,
ҷойи дуюм дастаи Хатлон-2 бо 30 000 сомонӣ
ҷойи сеюм дастаи Хатлон-1 бо 25 000 сомонӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube