Пулиси Душанбе 15 – уми декабр аз боздошти чанд шаҳрванд хабар додааст, ки ба ташкили фасодхона ва истеъмоли мавдҳои нашъадор машғул буданд.
Ба иттилои манбаъ, Пирумқулова Насиба, соли таваллудаш 1984, барои ташкил намудани фасодхона дастгир карда шудааст.
Ба гуфтаи мақомот, “номбурда дар манзили истиқоматии худ, воқеъ дар кӯчаи Сино барои истеъмоли воситаҳои нашъадор шароит фароҳам оварда, мунтазам шаҳрвандоне, ки ба истеъмоли маводҳои нашъадор майл дорад, дар он ҷо ҷамъ мешудаанд”.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ шаҳрвандон, Зубайдова Дилрабо, Асоев Умед, Содиқова Зебуниссо ва Пиров Довуд дастгир шуданд, ки ба истеъмоли маводи нашъадори навъи «Метамфетамин» машғул буданд.
Айни замон, дастгиршудагон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube