16-уми декабр ҳайати бокси Тоҷикистон аз мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс, ки дар шаҳри Дубайи АМА баргузор шуд, ба Ватан баргаштанд. Варзишгаронро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе намояндагони Федератсияи бокси Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва наздикону пайвандон пешвоз гирифтанд.
Дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон 13 муштзан иштирок доштанд, ки 2 нафар аз онҳо соҳиби медал гаштанд.
Акмал Убайдов дар вазни 60 кг соҳиби медали биринҷӣ ва Хусравхон Раҳимов дар вазни 57 кг медали нуқра ба даст оварданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube