Рубрики Pressa

Нотаи эътирозии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Семён Григорев


Тоҷикистон дар пайи куштори кӯдаки 10-солаи тоҷик дар Русия ба сафири ин кишвар дар Душанбе нотаи эътирозӣ супоридааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот ҳамла ба кӯдаки 10-солаи тоҷик дар Маскавро “нафрати миллӣ” хонда, онро қотеона маҳкум кардааст.

Ин ниҳод гуфтааст, ки дар пайи ин ҳодиса, Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистонро ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват карда, ба ӯ нотаи эътирозӣ супурдааст. Дар ин нота Тоҷикистон аз Русия талаб кардааст, ки “тафтишоти фаврӣ, объективӣ ва беғаразонаи ин ҳодисаи фоҷиаборро анҷом диҳад ва ҳамаи шахсони дахлдорро тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашад”.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳамчунин, ба оила ва наздикони ин шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон изҳори тастият баён кардааст.

Бояд гуфт, куштори кӯдаки 10-солаи тоҷик дар пайи ҳамлаи як навраси 15-сола ва шаҳрванди Русия ба мактабе дар ноҳияи Одинсовои вилояти Маскав рӯзи 16-уми декабр рух дод. 

Қаблан аз ВКХ ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки Сафорати Тоҷикистон дар Русия ин ҳодисаро таҳти назорати қатъӣ гирифта, дар робита ба он ба ВКХ-и Русия ёддошти расмӣ фиристодааст. 

Аз ин ниҳод расман тасдиқ карданд, ки навраси 10-солаи кушташуда Қобилҷон Алиев, шаҳрванди Тоҷикистон аст ва ҳамзамон шаҳрвандии Русияро дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *