Дар обанбори Сарбанд 300 ҳазор моҳича сар дода шуд. Ин иқдом ба хотири рушди соҳаи моҳипарварӣ амалӣ гардидааст.
Қурбоналӣ Собирзода, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, ки дар обанборҳои вилояти Хатлон дар маҷмӯъ 2 миллион моҳича сар дода шудааст. Ӯ мегӯяд, татбиқи чунин тадбири муҳим яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ ба ҳисоб меравад.
Як миллион дар баҳри Норак, 700 ҳазор дар обанбори Бойғозӣ ва 300 ҳазор моҳича дар обанбори Сарбанд рехта шуд.
Дар маросими сар додани 300 ҳазор моҳича ба обанбори Сарбанд, Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ва Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube