Рубрики Pressa

Фонди кафолати қарзҳо дар Тоҷикистон таъсис дода мешавад


Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани дастрасии соҳибкорони истеҳсолӣ ба маблағҳои арзони дарозмуддат ва афзоиш додани ҳаҷми қарз  Фонди кафолати қарзҳо таъсис додамешавад. Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16-уми декабр зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд.  

Эмомалӣ Раҳмон: “Барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии мардум ва тавсеаи имконияти дастрасии шаҳрвандон ба манзили истиқоматӣ зарур аст, ки механизмҳои рушди бозори қарзҳои ипотекиро такмил дода, ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми чунин қарзҳо ба аҳолӣ тадбирҳои дахлдор андешида шаванд”.

Эмомалӣ Раҳмон: “Дар даҳ соли охир ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 143 миллиард сомониро ташкил додааст. Вале ҳамагӣ 38 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд, ки ин ҳанӯз кофӣ нест».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *