Рубрики Pressa

Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид меёбанд?


“Оператори телекоммуникатсионӣ тарофаи нав ҷорӣ менамояд” – бо чунин ҳарфҳо мо мунтазам дар хабарҳо рӯ ба рӯ мешавем. Лекин қариб ҳеҷ гоҳ фикр намекунем, ки бо чӣ роҳу усул тарофае таҳия ё навсозӣ мешавад: кӣ ба ин кор машғул аст, то чӣ андоза ин раванд мушкил ва тӯлонист. Дар асл гирем, паси ҳар пешниҳоде, ки Ширкат пешкаш менамояд, меҳнати назарраси командаи калон меистад. Ин командаи калони “МегаФон Тоҷикистон”, дар навбати худ, аз даҳҳо кормандони сохторҳои мухталиф: таҳлилгарон, менеҷерон оид ба маҳсулот, мутахассисон оид ба хизматрасониҳои иловагӣ (VAS), муҳандисон, маркетологҳо иборат аст. Танҳо ҳамин тавр идея ба маҳсули серталаб табдил меёбад.

Ба мизоҷон чӣ лозим аст?

Дар омади гап: зарурат барои ҷорикунии тарофаҳои нав дар чист – ё чаро лозим меояд, ки тарофаҳои амалкунанда навсозӣ карда шаванд? Раванди мазкур ҳамеша як навъ вокуниш ба тағйирёбии ниёзу талаботи муштариён аст. Масалан, таҳлилгарон мебинанд, ки муштариёни ширкат зангҳоро камтар анҷом медиҳанд. Шартан гирем, онҳо дар беҳтарин ҳолат аз 100 дақиқаи ба тарофа дохилшуда танҳо нисфашро истифода мебаранд. Аммо бастаи гигабайтҳо қариб пурра ба поён мерасад ё барои баъзеҳо он ҳатто камӣ мекунад. Ин маънои онро дорад, ки зарурати бозбинӣ кардани тарофа ба миён омадааст: дар ин сурат беҳтар аст шумораи дақиқаҳо камтар ва ҳаҷми интернет зиёдтар карда шавад ва агар тағйирот назаррас бошанд, ба тарофа номи нав дода шавад.

Ҳамзамон вазъияти умумии бозор омӯхта мешавад, омори лозимӣ, аз ҷумла аз рӯи муроҷиатҳои мизоҷон ҷамъоварӣ мегардад. Оё муштариён ба Хадамоти мизоҷон бо саволҳо оид ба ин ё он тарофа зиёд муроҷиат мекунанд? Аз чӣ шикоят доранд? Чӣ пешниҳод менамоянд? Тарофаи мазкур миёни муштариён дар тамоми кишвар ё дар минтақаҳои алоҳидаи он то чӣ андоза маъмул аст? Ҳамин тариқ, таҳлилҳо ба мо дар муайянсозии вақти муносиби омодакунии пешниҳодҳои нав кӯмак мекунанд.

“Мо мушкилиеро, ки маҳсули нав бояд онро ҳал кунад, таҳия мекунем, арзиши онро муайян месозем. Ҳар як идея аз нуқтаи назари фоидаи он барои мизоҷ ва мақсаднокии иқтисодии он барои ширкат санҷида мешавад, зеро нигоҳ доштани тавозуни манфиатҳо муҳим аст. Дар ин асно агар зарурати ба кор андохтани маҳсули нав асоснок шавад, ба кор дигар аъзои командаи калони лоиҳа низ ҷалб карда мешаванд”, – шарҳ медиҳад Нушофарин Юсупова, роҳбари самти инноватсияҳо ва маҳсулоти рақамии “МегаФон Тоҷикистон”.  

Кори командавӣ

Инак, таҳлилгарон параметрҳои тарофаро ба ҳисоб мегиранд, менеҷерон оид ба маҳсулот консепсияро таҳия менамоянд. Зерсохторҳои IT дар самти бақайдгирии тарофа дар системаи иттилоотӣ-биллингӣ, ки бояд тарофаи истифодакардаистодаи ҳар як муштариро “бидонад”, корҳоро анҷом медиҳанд. Мутахассисони техникӣ маҳсулро барои ҷорикунӣ, маркетологҳо иртиботро барои мизоҷон омода менамоянд… Як лаҳза: мутахассисони техникӣ бо ин ҳама чӣ кор доранд? Онҳо фаъоиляти шабакаро назорат мекунанд, арзиши тарофаи нав ва таркиби бастаи хизматрасониҳо ба доираи масъулияти онҳо дохил намешаванд! Дар асл гирем, саҳми муҳандисони шабакавӣ ҳамчунин дар кори командавӣ дастаи лоиҳа муҳим аст.

“Мо мунтазам лоиҳаҳоро якҷоя муҳокима мекунем ва ин ҳамеша фоидаовар аст”, – мегӯяд менеҷер оид ба маҳсулот Худодод Шакармамадов. – Масалан, боре як таҳлилгар пешниҳод кард, ки сохтори бастаи интернетӣ тағйир дода шавад, аммо командаи техникӣ дарк кард, ки ин чора дар соатҳои авҷ сарбории шабакаро баланд менамояд. Мо роҳи ҳалро якҷоя пайдо кардем: тақсимоти ночизи трафик ва танзими нарх. Танҳо чунин равиши ҳамкорӣ ба мо имкон медиҳад, ки маҳсулоти серистифодаро ба кор дарорем”.  

Дар раванди таҳия команда афзалиятҳои мухталифро ба назар мегирад: имконоти қулай барои мизоҷ, хароҷотбарорӣ барои тиҷорат, тобоварии инфрасохтори техникӣ. Мувозинат тавассути ҳамоҳангсозии доимии саъю кӯшишҳои ҳамаи иштирокчиён пайдо карда мешавад. Қобили зикр аст, ҳар як тарофа аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешавад. Аз ин рӯ, иштироки ҳуқуқшиносон ҳам дар раванди мазкур ҳатмист.

Кадом тарофаҳо муваффақ мешаванд?

Новобаста аз манфиатҳои команда, барои ҳама муҳим он аст аст, ки маҳсули нав ба муштариён писанд ояд ва ба интизориҳояш ҷавобгӯ бошад. Натиҷа вақте намоён мешавад, ки муштариён фаъолона ба тарофа пайваст шуда, доир ба он шарҳҳои мусбат мегузоранд. Дар доираи яке аз лоиҳаҳо нархи тарофа каме боло рафт, лекин бо назардошти он, ки бастаи интернет то сатҳи назаррас васеъ гардид, ин ба мизоҷони ҷавон хеле писанд омад.

Ба қатори лоиҳаҳои муваффақи МегаФон Тоҷикистон, аз ҷумла, лоиҳаи “Бисоз” дохил мешавад. Он ба муштариён имкон медиҳад, ки  бастаи хизматрасониҳои алоқа ва пешниҳодҳои махсусро барои Суғд – минтақае, ки дар он сокинон интернети мобилиро аз ҳама зиёд истифода мебаранд, мустақилона интихоб намуда, бо хости худ бисозанд. “Бисоз” барои бозори телекоммуникатсионии Тоҷикистон замоне як падидаи комилан нав ба ҳисоб мерафт, зеро ҳоло ҳеҷ кас ба муштариён имконияти бо хости худ “сохтани тарофа”-ро пешниҳод накарда буд. Маҳз барои эҷоду ҷорикунии маҳсулоти нав, бахусус маҳсулоте, ки дар бозори телекоммуникатсионии кишвар шабеҳи онҳо камтар аст ё умуман вуҷуд надорад, бисёри мутахассисони боистеъдод кӯшиш мекунанд, ки ба командаи МегаФон Тоҷикистон ҳамроҳ шаванд. Дуруст аст, ки на ҳама тарофаҳои муваффақ то ба имрӯз дастрас ҳастанд. Лекин чунин ҳолат бо сабабе ба миён омадааст, ки онҳоро тарофаҳои дигари барои мизоҷон нисбатан мувофиқ иваз намудаанд.

“Барои мо муваффақият – мубаддалшавии идеяи мураккаб ба маҳсули содда ва қулай мебошад, ки аз он садҳо ҳазор муштариён истифода мебаранд. Мушоҳидаи  он, ки чӣ тавр фарзияе дар натиҷа маҳсули серталаб мегардад, илҳоми тоза мебахшад! Дар баробари ин, бо назардошти он, ки бозори алоқа доимо дар инкишоф аст ва хеле зиёд тағйир меёбад, ҳамкории командавӣ низ дар самти ташкили маҳсулоти нав ҳамеша дар ҷараён аст. Бинобар ин, ҳушёрию фаъолнокиро аз даст намедиҳем!” – хулосабарорӣ намуд Нушофарин Юсупова.

Мехоҳед дар таҳияи тарофаҳо ва хизматрасониҳои нодир иштирок намоед? Тарҷумаи ҳоли худро ба https://job.megafon.tj/ равона карда, ба фаъолияти командавӣ ҳамроҳ шавед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *