Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ду қатъномаи Тоҷикистонро, ки яке дар бораи соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ эълон кардани соли 2027 ва дигаре дар бораи ҳифзи пиряхҳо ва яхкура буд, қабул кардааст.
Лоиҳаи қатъномаи “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ – 2027”, ки аз сӯйи Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, рӯзи 12-уми декабр дар доираи Иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии СММ бо иттифоқи оро қабул шудааст.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, бар асоси санади мазкур, соли 2027 ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” эълон мегардад.
“Қатънома нақши муҳим ва зарурии маърифати ҳуқуқиро дар пешбурди ҳуқуқи инсон, иштироки фаъоли ҷомеа ва дастрасӣ ба адолат таъкид менамояд”,- навиштааст ВКХ.
Бояд гуфт, пешниҳоди эълон кардани соли 2027 ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии СММ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ироа гардида буд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз “нодида гирифтан ва поймол шудани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ” нигаронӣ карда, “ба зарурати риояи қатъии қонунҳои байналмилалӣ ва дар чаҳорчӯбаи қонун ҳаллу фасл намудани ҳама гуна низоъу ихтилоф” таъкид намуда буд.
Ҳамчунин, рӯзи 12-уми декабр дар шаҳри Найробии кишвари Кения дар ҳафтумин иҷлосияи Маҷмаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи “Ҳифзи пиряхҳо ва яхкура (криосфера)” қабул шудааст.
Ин қатънома аз ҷониби Тоҷикистону Перу пешниҳод ва бо иттифоқи оро қабул гардида, аз ҳамаи давлатҳои узви СММ ва шарикони рушд даъват шудааст, то барои ҳифзи пиряхҳо, мубориза бо тағйирёбии иқлим, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби маблағҳои молиявӣ талошҳои худро тақвият бахшанд.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон бо нашри ин хабар навиштааст, ки “қатънома натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, расман истиқбол намуд”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube