Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, рӯзи 17-уми декабр ба Татяна Москалкова, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Русия дар робита ба қатли навраси 10- сола Қобилҷон Алиев дар вилояти Маскав изҳорот ирсол кардааст.
Бобозода дар номаи худ, аз қатли кӯдаки тоҷик дар яке аз мактабҳои вилояти Маскав изҳори нигаронии ҷиддӣ карда, вуқуъи ҳодисаро “бар пояи адовати миллӣ” хондааст ва қатъиян маҳкум кардааст.
Бобозода гуфтааст: “Ин ҳодисаи фоҷиабор ба пайвандони кӯдак андӯҳи сангин овард ва дар ҷомеа нигаронии амиқ ба вуҷуд овард”.
Умед Бобозод аз ҳамтои русӣ худ хостааст, ки “тафтишоти ҳамаҷониба, шаффоф ва одилонаи ин ҳодисаро таъмин намуда, ҳамаи гунаҳкоронро тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шавад”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube