Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон қатли навраси 10- солаи тоҷик дар мактаби вилояти Маскави Русияро қатъиян маҳкун кард.
17-уми декабр ниҳоди мазкур дар изҳороти худ гуфт, “ҷинояти содиршуда, ки нишонаҳои адовати милливу андешаҳои ифротгароёнаро доро мебошад, зуҳуроти комилан ғайриқобили қабул ва ифодагари ақидаҳои нафратангез аст, ки дар ҷомеаи муосир ҳеҷ гуна асос барои сафедсозӣ дошта наметавонад”.
Кумита афзудааст, “ашхосе, ки ба чунин ҷиноятҳо даст мезананд, мутобиқи қонун бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд” , то чунин фоҷиаҳо “ҷазопазир боқӣ монда, ба воқеияти такроршаванда табдил наёбанд”.
Кумитаи кор бо занон дар изҳороти худ ба хонаводаи Қобилҷон Алиев изҳори ҳамдардӣ баён кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Қобилҷон Алиеви 10-сола рӯзи 16-уми декабр дар мактаби вилояти Маскав аз ҷониби навраси 15- солаи рус ба қал расид. Гумонбар ба куштори ӯ ҳоло дар боздошт буда алайҳаш парванда тартиб дода шудааст.
Ҷасади беҷони Қобилҷонро рӯзи 18-уми декабр ба Тоҷикистон оварда дар зодгоҳаш ноҳияи Шаҳринав дар канори падараш ба хок супориданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube