Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Саидзода Раҳим ба ҳамтои русиягии худ, Кравтсов С.С номаи расми ирсол карда қатли навраси 10- солаи тоҷки дар як мактабе дар виляти Маскавро маҳкум кард.
Вазорат дар номааш гуфтааст, ки “ҳамлаи хусумати миллидошта ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиев Қобилҷон-хонандаи синфи чоруми мактаби миёнаи Успенскии шаҳраки Горки 2-и минтақаи шаҳрии Одинтсовскии вилояти Москваро, ки 16 декабри соли 2025 дар дохили бинои мактаб рух дод ва дар натиҷаи он мавсуф ба таври фоҷиавӣ ба қатл расонида шуд, қатъиян маҳкум менамояд”.
Саидзода дар номааш гуфтааст, ки “ чунин ҳодисаҳо метавонанд аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро ва миллатгарои радикалӣ бо мақсади тарғиб ва таҳрики содир намудани ҷиноятҳои нав истифода гарданд, ки ин бо арзишҳои бунёдии инсондӯстӣ, эҳтироми мутақобил ва принсипҳои таҳаммулпазирӣ комилан мухолиф аст”
Инчунин вазири тоҷик ба оилаи Қобилҷон Алиев изҳори тассалӣ кардааст.
Қобилҷон навраи 10- солаи тоҷик рӯзи 16-уми декабр дар як мактаби вилояти Маскав аз ҷониби навраси 15- солаи рус кушта шуд. Қотил ҳоло дар боздоштгоҳ аст ва алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube