22- уми декабр дар Маскав бар асари таркиши мошин сардори идораи омодагии оперативии Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, генерал-лейтенант Фанил Сарваров ба ҳалокат расида аст. Кумитаи тафтишотии Русия дар ин бора хабар додааст.
Ба навиштаи телеграм-канали “Shot, ки наздик ба ниҳодҳои қудратӣ Русия аст, сабаби таркиши мошин дар кӯчаи Ясеневская, дастгоҳи таркандаи худсохт будааст. Тибқи яке аз фарзияҳо, таркиш чанд сония пас аз оғози ҳаракати мошини Kia Sorento рух додааст.
Ба иттилои телеграмканали “Baza”, мошин пеш аз таркиш тавонистааст чанд метр ҳаракат кунад.
Дар натиҷа таркиш пораҳои таркидаи мошин ҳадиақал ба ҳафт мошини дигари дар назидик буд осеб расонидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube