Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси вилояти Гургони Эрон Алиасғари Таҳмосбӣ мулоқот карданд.
Ба навиштаи АМИТ «Ховар” ҷонибҳо дар ин мулоқот ишора ба зарфияти иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангии вилояти Гулистон суҳбат карда, омодагии ҷониби эрониро барои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобили судманд бо Тоҷикистон ва вилоятҳои алоҳидаи он иброз намуданд.
Рӯзҳои 16 ва 19 – уми декабр дар шаҳри Гургон Ҷашнвораи фарҳанги ақвоми Эронзамин баргузор гардид. Дар ин ҷашнвора ҳайати фарҳангии Тоҷикистон низ ширкат доштанд. Раиси вилояти Гургон барои иштироки Тоҷикистон дар чорабинии номбурда изҳори сипос кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube