Рустам Ятимов дар қатори ҳафтгонаи гаронарзиштарин дарвозабонони Осиё қарор гирифт.
Дарвозабони тими миллии Тоҷикистон ва бошгоҳи «Ростов» Рустам Ятимов боз як дастоварди муҳими таърихӣ сабт кард. Рустам дар радабандии гаронбаҳотарин дарвозабонҳои қораи Осиё ба зинаи шашум баромада, бо арзиши 1,8 миллион евро рекорди мутлақро барои тамоми футболбозони тоҷик гузошт.
Арзиши бозории Ятимов дар навсозии охир 300 ҳазор евро боло рафта, ба ӯ имкон дод, ки аз ҳамтоёни худ аз Индонезия ва Австралия пеш гузарад. Ин пешрафт мавқеи дарвозабони тоҷикро дар сатҳи қитъавӣ боз ҳам устувортар кард.
Ғайр аз ин, Рустам Ятимов расман гаронтарин дарвозабон дар Осиёи Марказӣ эътироф шудааст. Барои муқоиса, арзиши дарвозабони асосии Ӯзбекистон ҳоло 1,5 миллион евро мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube