Рубрики Ozodi

Фавти як наварӯс ва хоҳари шавҳараш дар шаби тӯй «пас аз хомӯш шудани барқ»



Як манбаъ дар Идораи милисаи Кӯлоб рӯзи 23 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса шаби тӯйи Райҳона ва пас аз хомӯш шудани нерӯи барқ иттифоқ уфтодааст.

Мусоҳиби мо бо шарти фош нашудани номаш афзуд, «онҳо дар ҳаммом муҳаррики барқдиҳӣ (движок) гузошта будаанд. Бо эҳтимоли зиёд аз задани барқ ҷон додаанд».

Талоши Радиои Озодӣ барои сӯҳбат бо аъзои хонавода то ин дам натиҷа надод. Ду сокини маҳаллаи Нуробод дар Кӯлоб гуфтанд, ки ҳамон шаб ҷасадҳоро ба бемористон бурда буданд.

Аз моҳи сентябр ба ин тараф мардум дар минтақаҳои Тоҷикистон бо маҳдудият нерӯи барқ мегиранд.

Мақомот вазъро ба камии об дар обанборҳо пайванд доданд.

Сокинон хонаҳояшонро бештар бо муҳаррикҳои барқдиҳӣ ва панелҳои офтобӣ рӯшан ва бо ҳезуму ангишт гарм мекунанд.

Як моҳ пеш дар ноҳияи Восеъ ҷасади ду наврасеро аз ҳаммоми хонаашон пайдо карданд. Мақомот сабаби марги онҳоро заҳролудшавӣ аз дуд номиданд.

Дар оғози моҳи декабр дар пайи заҳролуд шудан аз дуди ангишт низ як зану шавҳари ҷавон дар ноҳияи Рашт ба ҳалокат расиданд.

Ҳар гоҳ ва бо нашр шудани ингуна хабарҳо корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мақомотро барои ҳал накардани норасоии нерӯи барқ танқид мекунанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 16 декабр дар паёми солонааш ба порлумон ваъдаи қаблияшро такрор кард, ки ин душворӣ соли 2027 ва бо фаъол шудани чархаи дигаре аз нерӯгоҳи «Роғун» аз байн хоҳад рафт. Вале то он вақт тақрибан ду соли дигар ҳаст.



Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *