Рубрики Pressa

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон даҳ варзишгари беҳтарини соли 2025-ро эълон кард


Ба иттилои раиси ассотсиатсия Нарзулло Латипов, натиҷаҳо бар асоси назарсанҷии хабарнигорони соҳаи варзиш ҷамъбаст шудаанд.

Ба даҳгонаи беҳтарин намояндагони панҷ намуди варзиш — ҷудо, бокс, қаиқронӣ дар каноэ, гӯштини тарзи озод ва тенниси рӯйи миз шомил гардидаанд.

Дар феҳристи беҳтаринҳо варзишгароне қарор доранд, ки дар чемпионатҳои ҷаҳон, Осиё, Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ва мусобиқаҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои баланд ноил шудаанд. Аз ҷумла, миёни онҳо ҷоизадорони медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии чемпионатҳои ҷаҳон ва мусобиқаҳои «Grand Slam» ҳастанд.

Рӯйхати 10 варзишгари беҳтарини соли 2025:

Эмомалӣ Нуралӣ (ҷудо)
Хусравхон Раҳимов (бокс)
Темур Раҳимов (ҷудо)
Обид Ҷебов (ҷудо)
Акмал Убайдов (бокс)
Муҳиддин Асадуллоев (ҷудо)
Мадина Қурбонзода (ҷудо)
Шаҳриёр Даминов (каноэ)
Абдулмаҷид Кудиев (куштии озод)
Саъдӣ Исмоилов (тенниси рӯйи миз)

Ба гуфтаи ассотсиатсия, ду медали нуқраи чемпионатҳои ҷаҳон дар риштаҳои ҷудо ва бокс муҳимтарин дастоварди варзишгарони тоҷик дар соли 2025 ба ҳисоб мераванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *