Рубрики Pressa

Бинои нави телевизиони «Душанбе» ба истифода дода шуд


24 декабр бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави телевизиони “Душанбе” ба истифода дода шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти президент, бинои нави телевизион дар маҷмуъ дорои 80 ҳуҷраи корӣ буда, барои кормандони эҷодӣ ва техникӣ шароити кору фаъолият фароҳам оварда шудааст.

Телевизиони “Душанбе” дорои чор студияи муҷаҳҳаз бо лавозимоти соҳавӣ буда, калонтарини он студияҳои якум ва дуюм мебошанд, ки барои сабти барномаҳои консертӣ, ток-шоу ва барномаҳои калонҳаҷм пешбинӣ шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *