Рубрики Pressa

Ҳалокати 3 нафар дар натиҷаи таркише дар Маскав


Дар натиҷаи таркише дар канори Маскав ду корманди БДА-и Русия ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора Кумитаи тафтишотии Русия хабар додааст.

 Манбаъ дар баёния гуфтааст, ки “ду корманди БДА  шахси шубҳанокеро дар наздикии мошини хизматии пулис мушоҳида карданд. Вақте ки онҳо барои боздошт ба ӯ наздик шуданд, дастгоҳи тарканда ба кор андохта шуд”.

Ба иттилои манбаъ ин ҳодиса шаби 23 ва 24-уми декабр дар кӯчаи Елескои шаҳри Маскав рух додааст, ки дар натиҷа ду корманди БДА ва нафари гумонбар дар натиҷаи таркиш ба ҳалокат расидаанд.

БДА- и Маскав гуфтааст, ки дар миёни кушта шудагон Иля Климанови 24-сола ва Максим Горбунови 25- сола кормандони БДА будаанд.

Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бар асоси  қасд ба ҷони корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муомилоти ғайриқонунии дастгоҳҳои тарканда оғоз шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *