24-уми декабр дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт корхонаи маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасиб ифттиоҳ гардид. Ин корхона аз ҷониби ширкати “Покиза -М” бунёд гардида, маросими ифтоҳи он бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ баргузор шуд.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз то 7 тонна маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо саҳми корхонаро дар ғанӣ гардондани бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти ватанӣ ва коҳиши воридоти он аз хориҷи кишвар боз ҳам назаррас мегардонанд.
Дар корхона 77 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ, шароити мусоиди меҳнат ва музди хуб таъмин гардидаанд. Тибқи дурнамо, бо васеъ гардидани иқтидори истеҳсолӣ шумораи кормандон то 280 кас расонида шуда, пас аз қонеъ гардондани талаботи бозори дохилӣ содироти маҳсулот ба кишварҳои хориҷӣ низ ба роҳ монда мешавад. Ин иқдом ба афзоиши иқтидори содиротии кишвар ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар бозорҳои минтақавӣ мусоидат хоҳад кард.
Ҳамчунин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхона дидан намуда, бо шароит, имконот ва ҷараёни коркарди маҳсулот фосилавӣ шинос шуд. Ба масъулон ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти корхона дастуру тавсияҳо дод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube