Рубрики TajNews

Ҳуҷуми мусаллаҳона аз хоки Афғонистон дар марзи Тоҷикистон — се террорист безарар гардонида шуданд, ду сарҳадбон шаҳид гардид


Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз безарар гардонидани се узви ташкилоти террористӣ, ки шаби 23 декабр аз хоки Афғонистон ба ҳудуди кишвар ворид шуда буданд, хабар дод. Дар ҷараёни задухӯрди мусаллаҳона ду хизматчии ҳарбӣ ҷони худро фидо намуданд.

Тибқи изҳороти расмӣ, соати 23:30-и 23 декабри соли 2025 се нафар тақрибан дар минтақаи дидбонгоҳи №5 «Боғ», Отряди сарҳадии 0341 «Сарчашма», воқеъ дар мавзеъи Қавоқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур карданд.

Бо анҷоми чорабиниҳои фаврии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, субҳи 24 декабр, соати 11:15 дақиқа, макони ҷойгиршавии онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон муайян карда шуд. Ҳангоми талаби марзбонон барои таслим шудан, гумонбарон муқовимати мусаллаҳона нишон дода, қасди ҳамла ба яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадиро доштанд.

Дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ ҳамаи се террорист безарар гардонида шуданд. Аз ҷои ҳодиса силоҳи оташфишон, аз ҷумла автомати Калашников, М-16, чанд таппонча бо садохомӯшкунак, 10 норинҷак, дурбини шаббин, маводи тарканда ва дигар муҳимоти ҷангӣ мусодира гардид.

Маркази матбуот иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни пешгирии ҳамлаи террористӣ ду хизматчии ҳарбӣ — Наврӯзбеков Зиреҳбон Нағзибекович ва Қурбонов Исматулло Ғуломович — ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилои манбаи расмӣ, дар як моҳи охир ин сеюмин ҳолати кӯшиши ҳамла ва убури ғайриқонунии марз аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳ аз Афғонистон унвон мешавад, ки боиси ҳалокати шаҳрвандон ва низомиён гардидааст.

Қӯшунҳои сарҳадӣ аз “ноуҳдабароӣ ва бемасъулиятии такроршаванда”-и роҳбарияти ҳукумати «Толибон» дар иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ ва таъмини амнияти сарҳадӣ изҳори нигаронӣ карда, изҳор доштанд, ки умедворанд мақомоти де-фактои Кобул аз мардуми Тоҷикистон узрхоҳӣ намоянд ва тадбирҳои иловагӣ рӯи даст гирифта шаванд.

Ҳамзамон, Қӯшунҳои сарҳадӣ таъкид намуданд, ки барои ҳимояи марзи давлатӣ имкониятҳои пурраи ҷангӣ ва омодагии комил доранд ва минбаъд низ ба ҳар гуна талошҳои террористӣ ва қочоқбарӣ «ҷавоби сазовор» дода хоҳад шуд.

Ба иттилои мақомоти марбута, дар айни замон вазъият дар сарҳади давлатӣ ором арзёбӣ мешавад. Тафтишоти ҳодиса идома дорад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.



Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *