Рубрики Pressa

КДАМ задухӯрд дар марзро шаҳр дод


Дар натиҷаи задухӯрди мусалаҳона дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон ду нафар аз кормандони марзбонии Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.  Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар додааст.

 КДАМ, дар изҳороташ гуфтааст: “23 декабри соли 2025, соати 23:30 дақиқа се нафар аъзои ташкилоти террористӣ дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии №5-и «Боғ», Отряди сарҳадии 0341 «Сарчашма»,  воқеъ дар мавзеи Қавоқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сарҳади давлатиро убур карда, аз Афғонистон ба хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд”.

“Дар  натиҷаи гузаронидани амалиёти ҷангӣ ҳар се нафар террористон безарар гардонида шуданд.  Аз ҷои ҳодиса 3 адад силоҳи оташфишони тамғаҳои М-16, автомати Калашников, 3 адад таппончаи истеҳсоли хориҷӣ бо таҷҳизоти садохомӯшкунак, 10 адад норинҷакҳои дастӣ, як адад дурбини шаббин, маводи тарканда ва дигар муҳимоти ҷангӣ мусодира гардид», навиштаанд мақомот.

Ҳангоми задухӯр ду нафар аз кормандони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд, ки аз онҳо Наврӯзбеков Зиреҳбон Нағзибекович ва Қурбонов Исматулло Ғуломович номбурда шудааст.  

Мақомот таъкид доштан: “Далелҳои мазкур исботи он аст, ки ҳукумати «Толибон» дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ваъдаҳои пайдарҳами худ ҷиҳати таъмини амнияту субот дар сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мубориза бо аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ноуҳдабароӣ, бемасъулиятии ҷиддӣ ва такроршаванда нишон медиҳад”.

 Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, аз роҳбарияти ҳукумати «Толибон» хосттаст, ки “аз мардуми Тоҷикистон узрхоҳӣ намуда, барои таъмини амният дар сарҳадот бо Тоҷикистон тадбирҳои иловагии натиҷаманд меандешад”.

Дар ду моҳи охир ин чандумин бор аст, ки дар сарҳади Афғонистон ва Тоҷикистон задухӯрд ба амал меояд, ки боиси марги шаҳрвандон мешаванд. Чанде пеш дар натиҷаи тарандозие дар марз 5 шаҳрванди Чин ба ҳалокат расида буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *