Сергей Собянин шаҳрдори Маскав боридигар эътироф кардааст, ки бидуни муҳоҷирон рушди Маскав имкомпазир нест.
Ин суханҳоро рӯзи 24-уми декабр дар гузориши солонааш ба Думаи давлатии Русия изҳор кардааст.
Собянин гуфтааст, ки норасоии нерӯи корӣ дар Масква ҳоло ба 400 то 500 ҳазор нафар мерасад. Ва далели камбуди нерӯи корӣ дар Маскавро бӯҳрони демографӣ арзёби карда гуфтааст, ки дар солҳои оянда ин бӯҳрон рӯ ба афзоиш аст.
Ӯ гуфтааст, ки ин вазъият ҷалби нерӯи корӣ, аз ҷумла, ҷалби муҳоҷиронро ба як воқеияти раднопазир барои иқтисоди Маскав табдил медиҳад ва бино бар ин, “аввомгароӣ (популизм) дар соҳаи муҳоҷират ғайри қобили қабул аст”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube