25 декабр бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷайҳун Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Муассисаи таълимии мазкур барои 1300 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Он дорои 28 синфхона, маҷлисгоҳ, толори фарҳангию варзишӣ, ошхона бо 50 ҷойи нишаст, китобхона, бунгоҳи тиббӣ ва хонаҳои методӣ мебошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо омӯзгорону хонандагон изҳор дошт, ки бо фароҳам гардидани шароити мусоиди таълиму тарбия дар тамоми муассисаҳои таълимии умумии кишвар бояд дар мадди аввал на миқдор, балки сифати таҳсилот ва дониш гузошта шавад.
Ҳамчунин, дар ҳамин ҷо бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 16 иншооти соҳаи маориф дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Дӯстӣ, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав ва 3 корхонаи саноатиро дар ноҳияҳои Дӯстӣ ва Панҷ ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube