Наврасони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-киокушинкай, ки 20–21 декабр дар шаҳри Алматои Қазоқистон баргузор шуд, 8 медал ба даст оварданд.
Дар ҳисоби даста 4 медали тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ сабт гардид.
Дар ин мусобиқа варзишгарон аз шаш кишвар иштирок доштанд. Варзишгарони навраси тоҷик бори аввал дар чунин сатҳи байналмилалӣ ҳунарнамоӣ карда, натиҷаҳои назаррас нишон доданд.
Дастаи ҷавонон шоми 24 декабр бо тантана дар фурудгоҳи Душанбе истиқбол гирифта шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube