Рубрики Ислоҳ.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№312


Чаҳор нома аз дохил ва хориҷи кишвар, аз Олмон, аз Рӯдакӣ, аз Душанбе ва аз Волгоград муҳтавои ин шумораи барномаамонро ташкил дод.

Муаллифи нома аз Олмон, ки шаҳри иқоматашро зикр накардааст дар бораи як нафаре навиштааст, ки ҳам дар блоки мухолифин ва ҳам дар сафорати Тоҷикистон дар Олмон ӯро хуб мешинохтаанд. Чунки вай ҳамаро дар гирди ангуштонаш чарх мезанонад. Албатта мо ҳам аз чандсол пеш дар мавридаш сӯҳбат карда будему рӯзҳои охир низ борҳо дар мавридаш гуфтем. Дар нома беҳтар ӯро мешиносед.

Сокини ноҳияи Рудакӣ аз афера ва махинатсияҳои коргарони барқ навиштааст. Муаллиф мегӯяд, ки ин кормандон бо ҳазору як ҳилла мардумро фиреб дода пули барзиёд мегиранд.

Аз Душанбе нафаре дар бораи порахӯрии устодони як донишгоҳе навиштааст, ки худи ӯ соли гузашта онҷо таҳсил мекард ва шахсан ба омӯзгорони он муассиса пора додааст.

Ҳамкори доимии мо аз Волгоград ин бор низ баъди мурури сайтҳои нашрияҳои чопи Душанбе матлаберо дар робита ба мушкилоти рақами 1-имрӯза, ки дар сартосари кишвар идома дорад ва ҳукумат ва шахсан Раҳмоновро дар назари мардум аз пештара бештар шумрӯ кардааст, яъне лимити бесобиқаи неруи барқ фиристода ва дар оғоз ва анҷоми он фикру мулоҳизоти хешро баён кардааст:

                                     Олмон

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Инак ҳикояти кисадузди муҳоҷирон дар Олмон.   

Шояд вақташ бошад маълумоте, ки пешам расида аст нисбат ба паразите ба ном Давлатов Фируз бо шумо дар миён гузорам, чун ин фард ҳамчун як вирусе миёни ҷомеъа мунташир шуда аст. Ин фард истиқоматкунандаи 62 мкр, писари як фарди низомӣ дар вазорати корҳои дохила мебошад. Баъди хатми мактаби миёнаи рақами 76 ш. Душанбе ба Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат дохил шуда онҷо таҳсил мекунад. Дар авоили таҳсил бо БОДИБИЛДИНГ- бадан дар намоишгузорӣ машғул шуда бо ин кор ба Ҳабиб     ( гурӯҳи Фарзин ) хуш меояд ва бо он робита барқарор мекунад ва низ бо Талабшои барандаи ТВ Сафина, ки алъон дар Амрико аст. Чунончи манбаъ мегуяд ӯ як инсони табиатан аз мардҳо хушаш меомадаги мебошад. Даврони авҷ гирифтани гурӯҳи Салафия ва таблиғиҳо, дар дил ҳавои салафия ва муҷоҳидиро мепарварад. Атрофиён ва ҳамсабақонашро низ бо ин афкор мубтало карда барои амали сохтани ин ормонҳояш ба Қафқоз меравад. Дар онҷо бо гурӯҳҳои муташадид ҳамроҳ шуда ҳамкорӣ мекунад, то ҷое ки фарзанди калониаш «Абдуллоҳро» Шамил ва духтарчаашро бо лақаби Суришка яне лақабҳои ҳамон муташадидонро мемонад. Вақте ҳукумати Рамзан Қодиров муборизаро бо афроди ҷангалнишин сахттар мекунад фазо барои ин почталиён ( ки кораш дачка ва мавод барои ҷангал будагон буд) тангтар мешавад, роҳи гурез гирифта тарафи Аврупо мегурезад ва аз тариқи Лаҳистон бо талаби паноҳандагӣ вориди Аврупо шуда пасон ба Олмон медарояд. Худ ва ҳамсараш Ҷононаро паноҳандаи сиёсӣ месупорад, ки баъдҳо статусашро баъди хатми аусбилдунги ороишгар иваз мекунад. Аз Олмон истода ба афроди дар Тоҷикистон буда роҳнамоӣ карда, аз тариқи радио Зело кор гирифта мардумро даъват ба «давлати исломӣ»  Сурияи имрӯза менамояд, ва роҳро барои афроди ҷангҷу нақша кашида ба ҷанги Сурия мефиристад, то ҷое, ки ашки модари Бобоҷон то имрӯз мечакад бо ҳасрати ин ки писарашро маҳз ҳамин Фируз ба дом афтонда ба Сурия фиристод. Рафиқоне, ки фиреби инро хурдаанд кам нестанд. Баъди гузашти замон ва мавриди таъқиб қарор гирифтани рафиқонаш ва паси панҷара кашондани баъзе аз онҳо дар Тоҷикистон, фикри фирори наздиконашро мекунад , ки дар натиҷа падару модар ва бародару хушдоману холаашро ба Олмон меорад, ки баъдҳо падараш аз авзоъи лагерҳои Олмон шикоят карда, ки ин ҳаёти сагӣ ҳаст гӯён Олмонро ҳамроҳ бо ҳамсараш тарк мекунад. Фируз чун дар дил «АМИР»  шуданро мепарварид рафиқон ва наздиконашро ҳар чанд вақт гирдиҳам мехонд ва бо онҳо барномаҳои кумак нисбат ба хонадони афроди дар ҷанг кушташуда пул ҷамъоварӣ мекард ва гоҳ ба Қафқоз гоҳ ба Сурия мефиристод. Ин то он ҳад бадсиришт аст ки боре чашм ба зани рафиқеаш бо тахаллуси » Абумусъаб»,ки дар ҷанг кушта мешавад андохта мехоҳад ӯро аз лагерҳои Сурия бар ивази пул харидорӣ карда ба наздаш барои зан кардан оварад. Манбаъ мегуяд бо он зан дар Узбекистон вохурда аст.

 Вазъият дар Сурия рӯ ба беҳбуди меоварад. Ин чун як табиат ва иродаи устувор надорад ва ҳамеша кӯшиш мекунад мухолифи як ҷамъ бошад миёни атрофиёнаш баҳсҳои шиъаву суниро бештар ба роҳ медарорад ва пуштибони аз ОЛИБАЙТ гӯён мекунад, ки дар натиҷа рӯ ба далоили шиъа оварда аз аҳли суннат эрод мегирад, ки чигуна мешавад паёмбар ҳамсари хурдсоле дошта бошад, чи гуна метавонад росто пешоб кунад. Ин мубоҳисаҳо то ҷое идома пайдо мекунад, ки дар натиҷаи пурсуҷӯ ва шунидани баҳсҳои зиёде миёни шиъаву сунӣ мерасад ба Камол ном як узбекзабон ва Одил. Ин ду нафар мункирони ҳадисҳои паёмбар ва нафспараст, ки худояшон маҳз ҳамон шаҳвату хостаҳояшон ҳаст бар ин фард хуш меояд ва рӯи афкораш таъсир гузошта фикру ақидаи Фирузро ба шаҳватпарастӣ, ки ҳеҷ марз ва ҳудуде надорад, барои мисол намози мехондаи мо, рӯзаи мегирифтаи мо, ҳатто издивоҷ- ақди никоҳ ин корҳое аст ки ба розигии ду тараф анҷом мешавад ҳеҷ аслу санаде назди ин разил надорад. Яъне ҳар куҷо писар ва духтаре бо ҳам розӣ бошад метавонанд бо ҳам наздикӣ дошта бошанд. Ин дини шаҳватпарастӣ бар ин хуш меояд ва фикру ақидаашро иваз мекунанд. Баъди иваз шудани дидгоҳаш атрофиёнаш инро радди маърака мекунанд, мемонад худаш ва чанде аз ҳамсоягонаш, ки баъдҳо бо саҳначасозӣ дар Ютуб корро оғоз мекунад бо ин фикру ақида бад-ин тарз рӯи фазои маҷозӣ авалин бор бо чеҳраи худ зуҳур мекунад.

 Баъд, баъдҳо аз танҳоӣ рӯ ба афроди дар сафорат буда меорад ва нафареро пайдо мекунад ба ном С…. бо у маслиҳатҳои фурӯши паспортро мекунад. Оҳиста -оҳиста бо воситаи вай номи худро месанҷад дар листи сиёҳ ҳаст ё не? Баъдҳо бо мувофиқа ва ҳамоҳангӣ бо сафорат ба Тоҷикистон меравад. Онҷо хуб гушмол шуда бар мегардад ва ба паспорт фурӯшӣ маъруф мешавад. Аз маблағи ин кор аввалин хонаашро дар назди Қараболо мехарад ва бо зане гуё шинос шуда хонаро ба он зан ба иҷора мемонад, ки баъдҳо » гуё » маълум мешавад, ки ин зани яке аз рафиқони пулдораш ба номи А буда аст. Барои номуси он мардро ҳифз кардан шояд лозим набошад номашро зикр кардан, аммо донад, ки маҳз ҳамин ҳаромӣ ин маълумотро ошкор карда аст чунин мегуяд манбаъ. Манбаъ мегӯяд ин танҳо пешгуфтор дар бораи Фируз буд.

  Аммо марҳилаҳои баъдӣ метавонад наворҳо ва садоҳое бошад, ки дар он Фируз Давлатов ошкоро душмании худро бар алайҳи Раҳмонов ва ҳукумати кунунӣ дар онҷо анҷом дода аст.  Инҷо ёдам омад барои бори аввал чун номашро гирифта будед давон давон назди Кабирӣ рафт ва хост қазияро хомуш кунад. Хулоса як махлуқе, ки ҳама ҳизбу ҳаракатҳо бо ин фард як аст. Бад-ин лиҳоз ҳукумат аз ин Отаи Садбарг хуб истифода мекунад.

Дар масъалаи ҳамсари ҷавони Покистон хонда машҳур ба лақаби Мавлавӣ маҳз ҳамин сабаб мешавад ва ӯро аз занаш ҷудо мекунад ва бо узбекбачае ба издивоҷ медарорад ки баъдҳо он узбекбача мефаҳмад, ки занаш, ки тоза дар ақди никоҳаш дароварда буд бо Фируз пасипарда дар робита аст. Фируз мехостааст бо воситаи ин зан номи баъзе аз диндоронро сиёҳ намояд, минҷумла шавҳари қаблиашро ҳол ки бо лақаби Мавлавӣ машҳур аст .

 Аз иртибот ва дар домони баъзе афрод буданаш ва …шояд баъдҳо ёдрас шавем.  Хулоса ҳеҷ сурохие намонда аст ки ин мори Заҳҳок сар назада бошад.

 Дар охир муроҷиати манбаъ ба ГОВҲОИ ҷушо ва ХАРОНИ боркаш ва САГҲОИ фармонбардор. Барои шинохти чеҳраи аслии ин Хамелион кофист рӯи ХАСИС буданаш ва дар корҳое, ки масъулият дорад аҳамият диҳед, пушт холӣ мекунад ва дигаронро ПЕЧКА мекунад. Ибтидо ҳамаи ин моркаллаҳо худ паноҳандаи сиёси буданд ба баҳонаи ин ки сафорат кейси шаҳрвандонро ба ивази паспорти хориҷӣ талаб дорад гуён афроди аввалиндараҷаро Фируз Давлатов ба ҳамин шакл муттаҳам сохт: чи Парвиз бошад, чи Маҳмуд бошад. Ҳатто як хатари дигар миёни паноҳандагони сиёсӣ маҳз ҳамин Сайди пуля аст ки паспорти сиёсӣ дорад. Аммо чун лаҷомашро Фируз дар дасти консул дода аст мисли дигаронаш муттаҳам дар ҳар чорабинӣ давон давон меравад. Дигар ин ки дар ҳар ҳолати натиҷаи хуби кор он корро маҳсули кори худ вонамуд мекунад. Худро наздиктарин шахс ба Шоҳрух Саид миёни ҳама муаррифӣ мекунад ва бо ин шево пули хуб ҳам кор мекунад. Мақомоти Олмонӣ бояд ин қазияро ҷиддӣ бубинанд. Маълумотҳои дигаре,ки аз тарафи мақомоти кишвар барои анҷоми чандин корҳо дар Олмон истифода мешавад бо афроди маъруфи тоҷик дар Олмон иртиботи пинҳонӣ ва барои корҳое омодагӣ мебинанд дар номаҳои баъдӣ маълумот медиҳам.

 Бо умеди ояндаи дурахшон ва ошкор шудани афроди зараррасон.

                                         Рӯдакӣ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман ба шумо аз ноҳияи Рӯдакӣ менависам ва ман аз болои корхонаи обтаъминкунии шаҳраки Сомониён шикоят карданиям. Ин корхона ранги корхонаҳои давлатӣ чанд сол аст ки пули мардумро бо беинсофӣ мехурад. Гуё, ки як туда ҷугиҳо ҷамъ омадаанд дар инҷо.

 Аввал инки нархи як куб обро аз нархи як куб оби аз шаҳр гаронтар кардаанд. Барои чӣ ва бо кадом асос?

 Баъдан мо солҳои пеш обро бо 400 долларӣ ҷамъ карда  худамон гузарондем. Ин корхона ягон ёрдам накардаст. Баръакс барои иҷозати обгузаронй 1000 доллар аз мо грифтанд. Чанд сол мо обро бе обҳисобкунак истифода бурдем. Як коркуни ҳамин корхона бо номи Садбарг омада аз мо пули обро аз ру́и сари одам ҷамъ карда мебурд. Чанд сол пас мо бо пули худамон счётчик мондем. Баъди ин апаи Садбарг, ки як зани ҷангҷолӣ аст пули обро аз рӯи сари одам ҷамъ карда мерафт. Мо мегуфтем, ки ин счётчик барои чӣ? Ин зан ҳар хел баҳона мекард. Як бор ҳисоб кунем аз рӯи счётчик пули обро чанд карата зиёд гирифтаст. Баъд бо ҷангҷол пули зиёдиро ба моҳҳои пеш ба зур гузарондем. Ин зан агар шумо аз об қарздор бошед дар куча, дар мағоза, дар маршрутка дар байни мардум вағғас карда пули обро талаб мекард, бисёр зани беҳаё аст. Бо пулҳои ғариқонунӣ ва ҳаром ҷамъ кардааш ба ҳаҷ хам рафта омад. Счётчики инҳо ду сол срок дорад, баъд иваз кардан даркор. Ман як бор рафта гуфтам, ки иваз  кунед. Онҳо гуфтанд, ки майлаш, мо худамон одам роҳӣ мекунем шумо рафтан гиред. Ман ба Русия рафтам. Инҳо, як ду моҳ пас омада занамро шумо дар вақташ иваз накардед гуфта ҷарима карданд. Баъзан ягон кормандаш меояд ва мегӯяд, ки шумо аз корхонаи мо 200- 300 сомонӣ қарздор ҳастед, мо чекҳоро нишон медиҳем, ки пул ҳамааш қоидавӣ, супурдагием. Аммо вай бошад мегуяд, ки дар компютер шуморо қарздор навиштагианд, насупоред ҷарима гуфта чанд сомонӣ аз мо мекананд ва ҳар доим ҳуҷҷатҳоро низ кофту ков мекуннад, ки ягон камбудй ёбанд Худо дод боз ҷарима бисупор. Як марди узбекро, ки кадом ҳуҷҷҷаташ вақташ гузаштагӣ будааст, бечораро 900 сомониашро бо таҳдиду фишор канданд.

  Мо аз ин корхонаи туҳматкадаи сумканак безори ҷон шудагием. Кай инҳо ҳалол кор мекунанд? Бовар кунед аз омадани ягон коркуни давлат хоҳ аз об, аз КЖКП, хоҳ аз налогу милиса  занҳои мо касали фишори хун шудагианд. Чунки инҳо аксарашон муомилаи хуб надоранд. Фақат дағдаға, воҳима, понт, храпзаниву халос.

Бародар Муҳаммадиқбол! Илтимос номаро нашр кунед, шояд ягон беҳбудӣ шавад!

                                        Душанбе

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари аҳли Ислом ва муборизи роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин!
Ман хатмкунандаи ДДМ шуъбаи механика ва математика ҳастам. Ҳамин сол донишгоҳро ба итмом расонидам. Дар бораи фасоду ришваситонии устодони ин донишгоҳ мехоҳам ба шумо бинависам. Чунки ман якчанд муаллиму деканҳои  порахурро медонам, ки то пора нагиранд зачёт ва баҳои экзаменро намемонанд. Ҳатто донишҷуйҳои бо савод ҳам зиёд буданд, ки дарсро бо баҳои арзанда ҷавоб мегуфтанд, аммо ин гуруснаҳо аз давр ба даври дигар мегузаронданд моро, то ки пора диҳем. Шахсан ман ҳам ба дарс тайёр будам ва ҳам пора медодам. Барои он ки аз дигарон қафо намонам маҷбур мешудам. Гоҳ бо воситаи куратор, гоҳ ба воситаи старост-сардори гуруҳамон вақте ба зачёт ё имтиҳон тайёрам мегуфтем ин порахурон барои онки пора бигиранд саводу  дониш мо ба онҳо муҳим набуд. Вале аз мо тавре талаб мекарданд, ки гуё мо донишҷӯ нею доктори илм ё профессор бошем. Як руз тоқат накарда ба яке аз ин порахурҳо гуфтам:-Устод агар ман чени шумо медонистам дар инҷо намеистодам, балки имтиҳон мегирифтам.
Номҳои ин порахурҳоро барои шумо маълум менамоям, ки инҳо мебошанд:
1.Мирзоев Саидаъло, декани факултети мехмат, муаллими информатика. Нархи зачёташ аз 100сомонӣ боло, имтиҳонаш то 400 сомонӣ. Боз китобҳои худашро ба донишҷуён маҷбурӣ мефурӯхт, бо нархи гарон- аз 100 сомонӣ боло.

2.Қодиров муаллими таҳлили математикӣ. Нархи зачёташ аз 200 сомонӣ боло, имтиҳонаш то 100 доллар. Ҳамчунин  муаллимҳо Достиев ва Шарипов ва чандин нафари дигар, ки давомаш зиёд аст. Ҳамаи онҳо нархи худро доранд.

Ҳамаи инҳо донишгоҳро ба бардел ва бозор табдил додаанд. Ин муаллимони номуносибро мо бо гуруҳамон ба коррупция ҳам навистем, вале ягон натиҷа надод.

Бародар, идомаи суҳбати ман тулонӣ аст. Фактҳои ҷолиби зиёдеро дар бораи тарзи таълиму донишомӯзӣ ва устодони порахури ин донишгоҳ медонам, ки баъди нашри ҳамин матлаб навишта ва бо шумо фиристода ҳамкориро идома хоҳам дод.

                                  Волгорад

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин. Дар номаи пеш фиристодаам матлабро аз сайти газетаи СССР гирифта будам. Он матлаб низ дар бораи ҳамин мавзӯъ-лимити барқ ва даъват ба сабр аз мардум буд. Номаи имрӯза ҳам дар ҳамин мавзӯъ ва аз ҳамин нашрия аст. Аммо дар аввал як чизро гуфтаниам. Вақте Анҷуман ё Ассосиатсияи  блогерон ба дифои мақомоти Тоҷикистон бармехезад маро шубҳа фаро мегирад, ки дар воқеъ сатҳи об ба ҳадде поин омдааст, ки боис бишавад ба аҳолӣ ҳамагӣ се соат свет диҳанд. Ман ҳамеша бо пайвандонам дар ватан дар тамос ҳастам. Онҳо тасдиқ карданд, ки гоҳ рӯзе ҳатто дувуним соат свет доранду тамом. Аммо, мову шумо хуб медонем, ки барои мисол  ду сол се соли пеш лимит то ин дараҷа набуд. 8 соат медиҳем мегуфтанд ақалан панҷ-шаш соат медоданд. Ҳозир 4 соат мегӯянд аммо се соат, дуним соат медиҳанд. Дар ин ду сол ахир чи шуда бошад, ки лимит ин қадар сахттар мешавад? Ҷои панҷ- шаш соат  ду, дуним соат?

Матлаби нашркардаи СССР чунин унвон дорад ва дар он аз одамон даъват шудааст, ки ин як кори табиат аст, касе гунаҳгор нест, бояд сабр пеша кард:

Блэк-аут: кӣ гунаҳкор?

Медонам, хеле мушкил аст. Ин шабу рӯз Тоҷикистон бар коми буҳрони энержӣ рафтаст. Хонаҳо барқ надоранд, вале агар ҳам доранд, барои чанд соат. Шаҳрҳои бузурги кишвар, амсоли Кӯлобу Бохтару Хуҷанду Ҳисору Турсунзода низ имсол бе барқ монданд. Барои нахустин бор Хуҷанд бе барқ монд. Кӯлоб тӯли 7 соли ахир бебарқиро фаромӯш карда буд. Бохтар низ чун маркази маъмурии вилоят, замони ахир барқи фаровон дошт. Ҳисору Турсунзода, ки мунодии Тоҷикистон барои меҳмонони дуру наздиканду низ шаҳрҳои саноатӣ, бо барқ таъмин буданд. Имрӯз дар ин ҷойҳо ҳам барқ камчин, дефитсит шуд. Пас, чора чист? Сабр! Зеро:

 -Сабр калиди ҷумла мушкилист!

 Ва инро ман нагуфтаам. Инро Худо мефармояд, ки «ассабру мифтоҳул фараҷ»…

Медонам, ки чун ҳамешагӣ хонанда аз ман гуфтани ҳарфи ҳақро интизор аст. Ва онро, яъне ҳақиқатро мегӯям:

 -Имрӯз бар асари хушксолии тулоние, ки омад, мо дигар ягон чорае ҷуз сабр надорем.

Бовар кунед, мардум, ҳар шом, ҳар рӯз, ҳар ҳафта бо ширкати худи Президенти ҶТ, маҷлисҳо бахшида ба ҳамин вазъ баргузор мешаванд. Ҳукумати марказӣ, бе муҳобот, ҳар қатра об, ҳар литр об, ҳар каф обро ҳисобу китоб мекунад. Чунки вазъ воқеан ҳам хатарзост.

 Бинед, ки дар Эрону Афғонистон хушксол чӣ қадар зиён овардааст? Дастрасӣ ба хабар бештар шудааст. Ба интернет дароед ва вазъи ҳамсоякишварҳоро хонеду дарк кунед, ки маҳз ба вазъи имрӯза ба миён омада, ЯГОН КАС гунаҳкор нест.

 Ҳеч кас садди хушксол шуда наметавонад. Ҳатто пайғамбарони Худо пеши ин наҳс оҷиз буданд. Ёд доред, саргузашти ҳазрати Юсуфро, ки ба Фиръавн таъбири хобашро пешгӯӣ намуд, ки хушксол меояду ба он бояд омодагӣ гирифт? Яъне пайғамбари Худо пешгирӣ накард, зеро наметавонист.

Пайғамбари ислом (с.) низ ҳини хушксол танҳо намоз мегузорид, то борон биборад!!! Ин ба чӣ маъност? Яъне зӯри ҳеҷ кас ҷуз Худо ва табиати Худо бар ҳалли ин моҷаро намерасад. Ёд доред, Саъдии Бузургро, ки мегуфт:

Чунон хушксолӣ омад дар Димишқ,

Ки ёрон фаромӯш карданд ишқ!!!

…Ман ҳамасола Ширкати Барқи Тоҷикро танқид мекардам ва дар оянда низ хоҳам кард, вале агар гуноҳ, иллат, сабаби бебарқӣ онҳо буда бошанд. Имрӯз чунин нест! Ва ман намехоҳам, чун афроде, ки аз зери нохун чирк меҷӯянд, бебарқии фавқро сари Ҳукумат занам.

 1 бор андешед, ки чаро Ҳукумат бояд ба мо барқ нафрӯшад? Оре, маҳз надиҳад не, нафурӯшад! Зеро тибқи системаи нави билингии фурӯши барқ, дар ҳолати напардохтани 1 дирам қарз барқамон хомӯш мешавад-ку?!

Яъне мисли солҳои пеш намешавад, барқдуздӣ кард. Пул медиҳӣ – нақд ва барқ мегирӣ – нақд! Зимнан агар хатари воқеӣ сари мо овезон набошад, Ҳукумат барқи боқимондаро ба мо мефурӯшаду кори хирс тамом. Аммо маҳз ба хотири сардиҳои шадиди дар пеш истода, Ҳукумат маҷбур шудааст, ки ин шабу рӯзҳо барқро меъёр, лимит кунад. Ва лимити сахт. Зеро имрӯз агар мо аз барқ фаровон истифода барем, фардо, ки сардиҳо даррасиданд, пушаймон мешавем.

ҲАМДИЁРОНИ АРҶМАНД, ШОЯД ИН СУБҲ ШУМО ҲАМ ЧУНИН ПАЁМАК ГИРИФ­ТЕД?

Паёмаки Шабакаҳои барқи кишвар:

«Мухтарам истифодабарандаи ахоли дорои хисобгираки якфаза (220 В)!

Камшавии резиши об дар дарёхо, ба хаҷми истехсоли энергияи барк таъсир расонидаистодааст. Лутфан аз истифодаи якборагии асбобхои барки (обгармкунакхо, дарзмол, плитахои барки, печҳои барқи ва мошинахои чомашуи) худдори намоед.

Агар истеъмоли энергияи барқи Шумо аз 4 кВт дар як вақт зиёд шавад, интиқоли энергияи барқ барои 30 дакика бо тарики худкор катъ мегардад. Дар хол асбобхои баркиро чудо намуда, истеъмолро кам намоед ва мунтазири баркарорша­вии таъмини энергияи барк шавед.

Ин чорахо муваккати мебошанд, ки ба сарфаи об дар обанборхо мусоидат менамояд.

Барои дарки ин холат сипосгузор мебошем!»

Ҳамкорам, Ҳуриннисо Ализода, басо хуб ин ҳолатро дарёфтаву шарҳ додааст, ки пешкашат мегардад хонанда. Пас аз ироаи матлаби бону Ализода, мехоҳам 1 чиро ман, ту, вай, мо дарк кунем:

– Ин ҳам мегузарад!!!

Бовар кун, хонанда, ин рӯзҳо ҳам мегузаранд ва мо бо сари баланд назди виждону шарафи шаҳрвандии хеш посух хоҳем гуфт, ки Мо Метавонем!

Ҳамдиёрони арҷманд, шояд ин субҳ шумо ҳам чунин паёмак гирифтад?
Биёед, ба ҷиддияти масъала сарфаҳм биравем. Воқеан вазъии баамаломада хеле хатарнок аст. Онро касе ё идорае не, табиат ба миён оварда.
Пас мо бо шуурнокиву ақламон бояд бо ваҳдату оромӣ онро қабул фармоем. Мо аз Худо ё аз табиат зӯртар нестем.
Агар масъулони соҳа роҳи дигаре беҳтар аз ин наёфтанд, пас илоҷ ҳамин аст.
Дар тамоми олам аҳолӣ ба қонунҳо ва фармоишоти муваққатӣ итоат мекунанд, то аз бунбаст бароянд.
Ба «провокаторҳо», ки ихтилоф андохтани мешаванду ҷомеаро ноором кардани ҳастанд, гӯш надиҳед. Ақли солимро кор фармоед. Ин рӯзҳо мегузаранд.
Мебинем, ки табиат (экология) дар ҷаҳон тағйир хӯрда. Мо истисно нестем.
Имрӯз дар муқобили ин кризисҳои табиӣ баръакс сарҷамъу иттифоқ бошем, то ба решаи хеш теша назанем.
Бо идрок ба ин талабот назар созем ва онро риоя кунем. Сахт аст, мушкил аст, вале муваққатист.
Мардуме, ки аз ҷанг бо сулҳ берун шуд, пеши ин хатарҳои табиӣ низ, иншоаллоҳ дастболо хоҳад буд.
Худованд ёру мададгорамон!
Ҳуриннисо Ализода

(Акс ҳам аз муаллиф)

Аз редаксия: Паёмак бо ҳуруфи калон, ки ирсол шуд, мо ҳуруфро хурд кардем.

Дар охир ман чи гуфтаниам. Чаро яку якбора ҳама журналисту нависндаву блогеру олим ба масъалаи барқ ва сабр барои лимит машғул шуд. Инҷо чи гап аст? Магар мардум барои лимит ягон коре карданианд? Тазоҳурот, ба хиёборезӣ, пикет чӣ? Вагарна чаро ин ҳама маъаркаву басиҷ.

Бовар кунед бародар инҳо тиру теғи навиштаҳояшон ба самти шумо ва навиштаҳои Ислоҳ дар бораи фиреби мақомот дар мавриди камбуди об ва лимити маҷбурӣ аст. Лимт агар светро нафурӯшад аз байн меравад. Ҳади ақал камтар фурӯшад, бигзор фақат барои Афғонистон. Аммо имсол ба Узбекистон ва Қирғизистон ҳам фурӯхта истодааст. Барои ҳамин таги думаш, ки тар ҳаст метрасад ва барои ҳамин ин блогеру газетаву дигару дигарҳоро вориди ин маърака кардааст».

Акнун ман савол дорам ба муаллиф, магар шумо вакили дифоъи ин ҳукумат ҳастед? Даҳ миллион аҳолӣ бебарқ монаду сабр пеша кунад? Чаро? Чаро свети мардумро мефурушад? Чаро шумо ин масъаларо матраҳ намекунед, ки вақте худамон надорем чаро ба дигарҳо мефурӯшем? Ҳукумати Толибон барқро барои худаш мехарад ё барои аҳолиаш? Бале. Барои аҳолиаш, то ки берушноӣ ва бегармӣ намонанд. Аммо ҳукумати мо моли мардумро гирифта ба берун медиҳад. Ин дар кадом мантиқ меғунҷад?

Фикр кунам то ин ҳад чоплус, тамаллуқкор ва хокшап будан дуруст нест.

Саломат бошед.



Source link

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *