Дар доираи сафари Роҳбарияти олии кишвар дар шаҳри Бохтар Маркази савдои «Марворид» ба истифода дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи иншооти мавриди назар Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон Абдулмаҷид Муминзод шаҳрдори Бохтар ва намояндаи ҳукумати мамлакат иштирок намуданд.
Маркази савдои «Марворид» бо мақсади таъмини аҳолӣ бо дастгоҳу масолеҳи босифати сохтмонӣ бунёд гардида дар он беш аз 1000 номгӯи маҳсулот пешниҳоди сокинон шудааст.
Баъди ба фаъолият шуруъ кардани маркази савдои “Марворид” ҳашт сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид, ки ин дар коҳиш додани сатҳи бекори миёни сокинон нақши назаррас мегузорад.
Ҳамчунин марказ метавонад дар беҳтар гардидани дастрасии сокинон ба лавозимоти зарурии сохтмонӣ мусоидат намуда, талаботи рӯзмарраи шаҳрвандонро қонеъ гардонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube