Ду бародарро дар ноҳия Шаҳритӯс бо гумони куштори бародари калони боздошт кардаанд.
Дар ин бораи ВКД-и Тоҷикистон рӯзи 25- уми декабр хабр додааст.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи 23-юми декабр мардони 40,38,35 ва ноболиғи 11- солаи сокинони ноҳияи Шаҳритӯс барои ҷамовари ҳезум мераванд. Пас аз нӯшидани машруботи спиртӣ дар ҳолати мастӣ байнашон муноқиша сар мезанад. Ва бародарони 38 ва 35 сола бародари 40 соларо ба сараш бо санг мезананд, ки дар натиҷа, ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Мақомот навиштаанд: “ Гумонбаршавандагон бо мақсади пинҳон кардани ҷинояти худ ҷасадро дар ҳамон ҷо тахминан 30-сантиметр чуқурӣ канда гур карда, маслиҳат мекунанд, ки дар вақти шабона, аз набудани одамон истифода карда ҷасадро канда гирифта дар манзили истиқоматиашон мегуронанд, аммо ҳангоми ба ҷойи ҳодиса омаданашон дастгир карда мешаванд”.
Мақомот дар бораи ному насаби гумонбарон ва нафари ҷабрдида чизе нагуфтааст, танҳо синусолашонро ишора кардааст.
Дар асоси қисми 2 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати гумонбарон парвандаи ҷиноятӣ боз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube