25 декабри соли равон дар хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба 75-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Камол Насрулло маҳфили шеър баргузор шуд, ки дар он адибон, мунаққидон, аҳли илму фарҳанг ва мухлисони шоир иштирок карданд.
Беҳтарин шоири ватансаро
Маҳфилро раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим оғоз бахшида, Камол Насруллоро аз шоирони муваффақи ватансаро арзёбӣ кард.
“Шоирони зиёде дар васфи Ватан, дар васфи истиқлолу ваҳдат шеър мегӯянд, вале ашъори Камол Насрулло бо тозагӣ ва перояҳои ҳунарӣ фарқ мекунад. Камол Насрулло воқеан яке аз муваффақтарин шоирони муосири тоҷик аст”,-гуфт Низом Қосим.
Ҳамчунин, Низом Қосим аз хизматҳои дигари Камол Насрулло-нақди адабӣ, роҳнамоӣ ба шоирони ҷавон, фаъол буданаш дар корҳои ҷамъиятӣ ва бетараф набуданаш ба масоили иҷтимоиву сиёсӣ ёдоварӣ кард.
Низом Қосим ба фоҷеаи кушта шудани Қобилҷон Алиеви 10-сола аз тарафи як навраси 15-солаи рус дар заминаи миллатгароӣ ва вокуниши адибони кишвар ишора карда гуфт:
“Ин фоҷеа ягон фарди Тоҷикистонро бетараф нагузошт. Аз ҷумла, устод Камол Насрулло яке аз аввалинҳо буданд, ки ин ҳодисаи нангинро маҳкум кардаву шеър навиштанд. Ва яке аз беҳтарину муассиртарин шеърҳо дар ин мавзуъ шеъри эшон буд”.
Дар идома Низом Қосим Камол Насруллоро ба саҳна даъват кард ва зери кафкӯбии аҳли толор номаи табрикотии раёсати Иттифоқи нависандагонро ба ӯ супорид.
Шеъре, ки аз дил мебарояд
Муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар дар суханронии хеш Камол Насруллоро аз шоироне номид, ки бо ковишҳои тозаи хеш дар адабиёти тоҷик аз дигарон фарқ мекунад.
“Устод Камол Насрулло беҳтарин мушоҳидакор аст, бинобар ин, дар шеъраш бозёфтҳои тоза зиёд мебошад. Ӯ шоире аст, ки шеър намесозад, аз пайи шеър намедавад, балки шеър ба суроғи ӯ меояд. Шеъри устод Камол Насрулло аз дил мебарояд, бинобар ин, ба дилҳо роҳ меёбад”.
Ҳамчунин, Давлат Сафар ба ду китоби нави Камол Насрулло – “Сухан перояи ҷон аст” ва “Ҳунар ҳусн асту дониш ҷони шеър аст”, ки нақди шеъри муосир аст, ишора карда, онҳоро дар адабиёти муосири тоҷик падидаи фараҳбахш арзёбӣ кард.
“Шунидаам ва тасдиқ мекунам, ки беҳтарин нақди шеърро шоир менависад. Чунки шеър ба дили ӯ ошност. Шоир дар он дег ҷӯшидааст, аз каму кост бохабар аст. Нақдҳои устод Камол Насрулло беҳтарин нақди шеъри муосир ҳастанд. Муҳим он аст, ки касе аз шоирони муосирро эшон сарфи назар накардаанд ва аз эҷодиёти ҳар кадоме сухани шоирона ва бозёфти эҷодӣ ҷустаанд”,-гуфт Давлат Сафар.
Шарафмандтарин шоир
Шоири маъруфи тоҷик, устод Гулрухсор зимни суханронии хеш Камол Насруллоро аз зумраи адибоне номид, ки номи устодонро пос медорад.
“Ин толор (яъне хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода-О.Н.) моҳи декабри соли 1977 боз шуд. Он рӯз Камолҷон ҳам дар ҳамин минбар буданд. Ҳамагӣ 2 моҳ аз марги устод Турсунзода, ки Камолҷон низ дуои эшонро гирифта буданд, гузашта буд. Имрӯз ман ба рӯҳи устод Турсунзода ва дигар устодон сано мефиристам. Яке аз онҳое, ки номи онҳоро бузург медорад ва кори онҳоро идома медиҳад, Камол Насрулло аст”.
Гулрухсор ба соҳиби Ордени “Шараф” шудани Камол Насруллоро ишора карда гуфт:
“Чанде пеш вақте ин хабарро шунидам, бисёр хурсанд шудам ва гуфтам, ки шарафмандтарин адиби мо Камол Насрулло аст. Ман то ҳамин рӯз дар ягон кору рафтори Камолҷон носипосӣ ё як номардиро надидаам…”.
Гулрухсор ба ду китоби ахири Камол Насрулло дар нақди адабӣ ишора карда, пешниҳод кард, ки ба ӯ унвони академик дода шавад.
“Китобҳои Камол Насрулло дар нақду адабиётшиносӣ беҳтарин ҳастанд. Дар нақди шеъри имрӯз назир надоранд. Ягон кас аз ӯ хоҳиш накардааст, ки ин китобҳоро нависад, фармоиш надодаанд. Вале Камолҷон вақту ҳавсала сарф карда, ин қадар шеърҳоро хонда, онҳоро нақду баррасӣ кардааст. Пешниҳоди ман ба Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ин аст, ки ба Камолҷон унвони академикӣ диҳанд. Устод Мирзо Турсунзода академик буданд, Мӯъмин Қаноат узви вобастаи Академияи илмҳо буданд. Камолҷон бо донишу талошҳояш арзандаи ҳамин унвон аст”,-таъкид кард Гулрухсор.
Шоире бо сабки хос
Академик Кароматулло Олимзода Камол Насруллоро аз зумраи шоироне номид, ки дар корҳои фарҳангӣ фаъол аст.
“Мо аз солҳои ҷавонӣ дӯстӣ дорем. Камол Насрулло дар ҳама чорабиниҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ фаъол аст ва кӯмаки хешро дареғ намедорад. Эшон ҳам дар шеър ва ҳам дар одамгарӣ мақоми баланд дорад”,-гуфт номбурда.
Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода Камол Насруллоро аз шоироне ном бурд, ки дар адабиёти муосири тоҷик бо сабки хос дар дилу дидаи хонандагон ҷой гирифтаааст. “Вақте Камол Насрулло “Тоҷикистонро дигар қисмат макун” гуфт, мардуми мо рӯзҳои душворро паси сар мекард. Шоир дар он лаҳзаҳои ҳассос мардумро ба бунёди Тоҷикистони воҳид даъват кард. Ва ин андеша дар тамоми ашъори Камол Насрулло садо медиҳад. Дар тамоми шеърҳои эшон ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ садо медиҳад. Ҳамин аст, ки ҳамаи Тоҷикистон устод Камол Насруллоро дӯст медоранд”, – гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода.
Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб зикр кард, ки номи Камол Насрулло дар қатори бузургони шеъри муосир қарор дорад.
“Камол шахси фидоии адабиёт аст. Ду китоби ахире, ки дар нақди шеъри муосир нашр кард, натиҷаи заҳмати бисёрсолаи ӯст. Чӣ қадар вақт мебояд, ки ҳазорон сафҳа шеър хонӣ ва дар бораи онҳо андеша карда, ба нақд кашӣ… Кӣ ин корро мекунад? Фақат фидоиёне чун Камол Насрулло”,-таъкид кард Муҳаммад Ғоиб.
Сазовори дуои бузургон
Шоири халқии Тоҷикистон Раҳмат Назрӣ, ки ҳамнасли Камол Насрулло аст, аз хотироти даврони ҷавонӣ нақл карда, таъкид кард, ки Камол Насрулло дуои пирони адабиётро гирифта ба ин мартаба расидааст.
“Мо се нафар – Камолҷон, Ширин Бунёд ва банда баробар ба адабиёт ворид шудем ва хушбахтона дуои пирони адабиётро гирифтем. Аз ҷумлаи дуои устод Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзодаро. Ба нахустин дафтари шеъри ман Боқӣ Раҳимзода ва ба нахустин маҷмӯаи шеъри Камол Мӯъмин Қаноат сарсухан навиштанд. Гумон мекунам, ки мо боварии устодон сазовор шудем. Махсусан, Камолҷон, ки шоири воқеан тавоно аст”,-гуфт Раҳмат Назрӣ.
Шоири ҷавон Бузургмеҳри Баҳодур Камол Насруллоро дастгиру роҳанмои ҷавонон ном бурд.
“Даҳҳо нафар шоирони ҷавон аз устод Камол Насрулло некӣ дидаанд. Эшон ҳамеша ҷавононро дастгирӣ мекунанд. Банда соли 2016, пас аз ширкат дар машварати омӯзишии адибони ҷавон бо дуои неки устод Камол Насрулло дар адабиёт муаррифӣ шудам. Мисли ман зиёданд, шоирони ҷавон, ки устод онҳоро роҳнамоӣ карданд. Дар китоби “Ҳунар ҳусн асту дониш ҷони шеър аст” ҳатто дар мавриди ҷавонҳое суҳбат кардаанд, ки онҳо узви Иттифоқи нависандагон нестанд ва боре ҳам бо устод Камол Насрулло во нахӯрдаанд…”,- гуфт Бузургмеҳри Баҳодур.
Раиси Иттифоқи бастакорони Тоҷикистон Амирбеки Мӯсо низ аз номи ҳунармандони кишвар Камол Насруллоро табрик гуфт.
“Дар замони соҳибистиқлолии кишвар ягон чорабинии давлатӣ бе шеъри устод Камол Насрулло намегузарад. Ҳунармандон ба даҳҳо шеъри эшон оҳанг бастаанд, месароянд ва ин сурудҳоро мардум дӯст медоранд”, -гуфт номбурда.
Ширчой бо устод Рӯдакӣ
Ёдовар мешавем, ки Шоири халқии Камол Насрулло зодаи деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент аст. Ба ин нукта устод Гулрухсор ҳам зимни суханронии хеш ишора карда, гуфт: “Мо дар кӯдакӣ орзуи зиёрати оромгоҳи устод Рӯдакиро мекардем. Камол Насрулло ҳар субҳ бо устод Рӯдакӣ ширчой мехӯрд…”.
Як гуруҳ ҳамдеҳагони Камол Насрулло аз деҳаи Панҷрӯд ба табрики Камол Насрулло омада буданд, ки аз номи онҳо директори Маҷмааи ёдгории “Оромгоҳи устод Рӯдакӣ” Шодимурод Ҷумъаев шоирро табрик гуфта, ӯро вориси арзандаи устод Рӯдакӣ ва ифтихори ҳамдиёрон номид. Ҳамчунин, ҳамдеҳагон қолинеро бо аксаш ба армуғон оварданд ва ба ҳамдеҳаи номварашон ҷома пӯшониданд.
Ҳамчунин, дар маҳфили 75-солагии Камол Насрулло ҳунармандони саршинос Саидқул Билолов, Афзалшо Шодиев, Умари Темур, Алишер Қаноатзода, Гулпарӣ Орифзода ва Сумбула Ҳасанова аз эҷодиёти шоир сурудҳо хонда, табъи ҳозиринро шод карданд. Адабиётшиноси маъруф Азим Аминов яке аз шеърҳои Камол Насруллоро бо гитор сароид. Ҳамчунин, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир яке аз шеърҳои Камол Насруллоро қироат намуд.
Дар поёни маҳфил Камол Насрулло аз меҳмонон барои ширкаташон изҳори сипос кард ва аз шеърҳои тозаэҷодаш қироат намуд.
Зиндагиномаи Камол Насрулло
Камол Насрулло 25 декабри соли 1950 дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби миёнаи №6 ба номи Абдусалом Деҳотии деҳкадаи Колхозчиён (Ғӯсар) фаро гирифта, соли 1971 факултаи филологияи Донишкадаи омӯзгории давлатии Душанберо ба итмом расондааст. Баъдан корманди Радиои Тоҷикистон (1971-1974), моҳномаи «Машъал» (1974-1976), маҷаллаи «Садои Шарқ», (1976-1981), раҳбари Дафтари тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ (1981-1986), солҳои 1986-2013 муассис ва сардабири моҳномаҳои кӯдакон – «Чашма» ва «Родник» будааст. Аз соли 2013 муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъйин гардид ва то соли 2018 дар ин вазифа кор кард. Ҳоло мудири шӯъбаи назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Китобҳояш «Навгонӣ» (1978), «Барги зуф» (1980), Нидои шаҳидон (1981), «Гузаргоҳи дил» (1983), «Номаи боли кабӯтар» (1988), «Нома ба Офтоб» (1988), «То даме, ки лонаҳо гарманд» (1993), «Тоҷикистонро дигар қисмат макун!» (1996), «Дар фурудгоҳи як таманно» (2003), «Фаросӯйи нигоҳ» (2007), «Рӯ ба меҳроби Ватан» (2010), «Зангӯлаи фарёд»(2011), «Ашки сапеда» (2011) ва ғайра чоп шудаанд. Ҳамчунин маҷмӯаҳои ашъораш бо забони русӣ «За птицами вслед» (1987) дар Маскав, «Дар суроғи чашмаи овоз» (2007) ва «Гулхани гул (2013) дар Ҷумҳурии Исломии Эрон чоп шудааст.
Камол Насрулло ба нақду адабиётшиносӣ низ машғул шуда, китобҳои “Шеър чист ва шоир кист?” (2020), “Шаҳписари Хайём” (2024), “Бедилонро Бедиле бедор кард” (2024), “Сухан пирояи ҷон аст” (2025) ва “Ҳунар ҳусн асту дониш ҷони шеър аст” (2025) ба нашр расонидааст.
Соли 1987 барои маҷмӯаи шеърҳои «Гузаргоҳи дил» сазовори Ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистон, соли 1998 барои маҷмӯаи ашъори «Тоҷикистонро дигар қисмат макун!» сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гаштааст. Шоири халқии Тоҷикистон ва дорандаи Ордени “Шараф” аст.
Одил Нозир
Суратгир Шероз Саъдуллоев
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube