Рубрики Хабарҳо

Идомаи эътирозҳои густурда ва саркӯби шадид дар Эрон

Пас аз гузашти беш аз як ҳафта аз ҷон бохтани Маҳисо Аминӣ баъди боздошташ тавассути “Гашти иршод” (пулиси ахлоқ), эътирозоти густурдаи зидди ҳукуматӣ дар саросари Эрон идома дорад ва мӯътаризон бо вуҷуди саркӯби шадид ҳамчунон норизоиятӣ ва хашми худро бо сар додани шиорҳои хитоб ба раҳбарон ва ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ иброз медоранд. 

Пас аз таҳдидҳои густурдаи мақомҳои Ҷумҳурии Исломӣ ҳамчун Иброҳим Раисӣ, Мӯҳсини Ижаӣ, вазоратҳои иттилоот ва дохила дирӯз якшанбе, 25 сентябр тарафдорони Ҷумҳурии Исломӣ бори дигар дар Теҳрон таҷаммӯъе дар мухолифат бо тазоҳуроти саросарӣ доштанд. 

Ҳамзамон дастгоҳҳои амниятӣ бархурдҳои худро бо мардуми мӯътариз шиддат дода ва ҳар лаҳза ахбори ҷадид аз дастгирӣ ва боздошти афроди мухталифе аз рӯзноманигор ва фаъоли маданӣ гирифта то донишҷӯ ва ҷавонон мунташир мешавад. 

Вокунишҳои байналмилалӣ ҳам ба ҷон бохтани Маҳсо Аминӣ идома дорад ва раҳбарони кишварҳои мухталифи ҷаҳон аз Ҷумҳурии Исломӣ хостаанд ба иқдомоти хушунатомез алайҳи мӯътаризон ва ба вижа занон поён диҳад. 

Охирин хабарҳо, гузоришҳо, вокунишҳо ва иттилоот дар бораи марги Маҳисо Аминӣ ва ҳошияҳо ва таҷаммӯъҳои эътирозӣ дар рӯзи якшанбе 25 сенябр дар ин матлаб пайгирӣ кунед. 

Тасовир ва гузоришҳои мунташиршуда аз Эрон аз барпойи таҷаммӯъоти эътирозомез дар чанд минтақаи пойтахт ва дигар шаҳрҳо ҳикоят дорад. Дар ин тасовир мӯътаризон шиорҳое аз ҷумла “марг бар диктатор” дар манотиқи Сатторхон, Икботон ва Нармаки Теҳрон сар медиҳанд. Теъдоди таҷаммӯъоти мӯътаризон ва ҳузури ҷамъият дар ин тасовир бештар аз шанбешаб ба назар мерасад. 

Ин дар ҳоле аст, ки тасовире низ аз шаҳрҳои Исфаҳон, Караҷ, Язд, Сунандҷ, Шероз, Қазвин ва Бушаҳр ва таҷаммӯъи мӯътаризон дар ин шаҳрҳо мунташир шудааст. Ҳузури мӯътаризон дар хиёбонҳои пойтахт танҳо чанд соат пас аз тазоҳуроти ҳукуматӣ дар Теҳрон сурат мегирад. 

Хабари кушта шудани Ҳадис Наҷафӣ, зани ҷавони мӯътариз танҳо чанд соат пеш аз баргузории таҷаммӯъоти эътирозомези якшанбешаб мунташир шуд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *